Бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем

Ба ҳамагон маълум аст, ки террористу экстремист ватан, мазҳаб ва дин надорад. Имрӯзҳо терроризм чун вабои асри XXI тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Яке аз хоин ва душмани мардуми тоҷик, ки дар хориҷи кишвар қарор дошта, зидди Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои иѓвобарангезона менамояд, ин Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад.

Аз љумла санаи 19 июни соли равон дар шабакаи иҷтимоии бо номи “Ислоҳ. нет” маводе нашр намуд, Чунонки аз мавод бармеояд, ин тоифа њатто, аз рушд ёфтани муносибатњои дўстонаи кишвари моро бо дигар мамлакатњо низ ба худ хулосаи нодуруст бароварда, байни мардум иғво ангехтанӣ  мешаванд.

Албатта мо мардуми Тоҷикистон аз ношукрӣ ва хоинии М.Садриддин хуб огоҳ ҳастем ва ҳаргиз ба суханҳои ифротии ин шайтони одамсиришт бовар нахоҳем кард. Вале нанговар он аст, ки ӯ ва ҳаммаслакони ӯ дар хориҷи кишвар қарор дошта, нисбати Тоҷикистон, ки бо нону намак ва обу ҳавои ин диёр ба воя расидаанд суханҳои бардурӯғ мезананд.

Мо хуб огоҳ ҳастем, ки маҳз аъзоёни ТТЭ ЊНИ дар солҳои навадуми асри гузашта барои мансаб ва ҷорӣ намудани ғояҳои бегона ба Ватан ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон оғоз намуданд. Дар рӯзҳои ноороми ҷанги шаҳрвандӣ ҳамарӯза дар такопӯи дарёфти хӯрока, бештар нон сарсону саргардон будем. Аз тамошои филми «Хиёнат» огоҳ мешавем, ки аз рӯи нақли як модари тоҷик дар вақти баргаштани гурезагон аз Афғонистон ба Ватан мутаассифона аз ду фарзанд танҳо як нафарашро оварда тавонистаасту халос. Баъди гузашти зиёда аз бист сол ҳоло ҳам модари бечора бо чашми гирён аз ҳодисаи ҳамон вақтҳо ёдовар гашта, иброз медорад, ки тақдири фарзанди шашсолааш чи шуда бошад.  Ин танҳо як мисол аст, ки инҷо оварда шуд. Ин гуна мисолҳоро метавон мутаъсифона ҳазорҳо овард.

Баъди гузаштани чандин солҳо, баъди расидан ба чунин дастовардҳо боз Кабирӣ, М.Садриддин ва ҳаммаслакони ӯ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, байни мардум боз нофањмї пањн карданї мешаванд. Бо ин баромадҳояшон дидаву дониста мардумро гумроҳ сохта, боз ба ҷангӣ шаҳрвандӣ бурданианд. Албатта айни замон ягон нафар ба онҳо бовар нахоҳад кард, ҳамаи кӯшишҳои онҳо бефоида аст. Вале, аз рӯи адолат баҳо диҳем М.Садриддин беинсоф, хоин, беақл ва гӯё шахси ба бемории рӯҳи гирифторшуда мебошанд.

Бояд мо аз хотир набарорем, ки агар онҳо нияти пок медоштанд ҳаргиз соли 2015 бо мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ ба мардум яроқ тақсим намекарданд.

Дар умум, имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро тавассути сомонаҳои интернетӣ таблиғи ақидаҳои ифротгаронаи худро моҳирона истифода намуда, ба сафи худ одамонро ҷалб карданї мешаванд, ки ин ба амнияти кишвар хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти ифротгароён мондаанд.

Мо бояд аз хотир набарорем, ки марҳилаи начандон тӯлонии таърих собит сохт, ки халқи тоҷик миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеъан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.

 Ватани маҳбуби мо бо боду ҳаво, иқлим, табиат ва мардуми фарҳангсолору сулҳофару меҳнатқаринаш нотакроранд.

Алббатта соли равон, ки яке аз ҷашнҳои муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, ҳар яки мо сокинони ҷумҳурӣ новобаста аз касбу корамон бояд кӯшиш намоем то бо дастовардҳои назаррас ҷашни мазкурро истиқбол гирем. Зеро 30 сол аслан дар назди таърихи инсоният ин баробари як миҷа задан аст, расидан ба чунин дастовардҳо давоми давраи мазкур ин боиси сарбаландӣ ва ифтихори мо тоҷистониён аст.

Мо ҳаргиз намегузорем, ки кадоме як хоини миллат бо ном Муҳаммадиқболи Садриддин  сулњу суботи моро халалдор кунанд.

Эгамназаров Ҳ.Ҳ. – дотсент, мудири
кафедраи забонҳои хориҷи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh