Ифротгароӣ - вабои аср

Ватан ҷоест, ки мо дар он чашм ба олами ҳастӣ кушодаем, ба воя расидаем, ҷойгоҳест, мо қадамҳои хешро дар хоки он гузоштаем. Ватан сарвати бебаҳои мост, ки бо он мо мефахрем, зеро кишвари азизи мо ҷаҳонӣ гаштаасту чун кишвари озоду демократӣ эътироф гардидааст.

Терроризм имрӯз ҷаҳониёнро нигарон кардааст, зеро ҳар рӯз аз дасти ин ашхос ҳазорон нафар қурбон мешаванд. Амали нангини ин идда ҳатарбору марговар аст. Кас бовар намекунад, ки аз инсон ин гуна амалҳои ваҳшиёна меояд. Воқеаҳое, ки ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, оинаи ҷаҳоннамо нишон дода мешаванд, дар матбуоти даврӣ мунташир мегарданд, гувоҳи он аст, ки терроризм миллат ва дину оин надорад.

Нафароне, ки донишу ҷаҳонбинии васеъ доранд, ҳаргиз ба доми фиреби чунин таблиғгарони манфиатҷӯ намеафтанд. Исбот шудааст, ки шахси бохирад нисбат ба камсавод ва ё бесавод эътиқоди комил дошта, анъанаҳои пурарзиши миллӣ ва халқҳои мутамаддини оламро аз хурофот ва ақидаҳои ботил фарқ карда метавонад. Баръакси ин ҳол, нафарони нодону бесавод фирефтаи таблиғоти ғаразнок гашта, саҳмгузор мешаванд. Онҳо бо шиорҳо, гапҳои дурӯғ, тӯҳматҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш мардумро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб намуда, ба шаъну эътибори мамлакат иснод меоранд ва худро бадном месозанд.

Аҷиб он аст, ки барои расидан ба мақсадҳои нопок омодаанд онҳое, ки замоне дар барашон буданду ҳоло пушаймон гаштаанд, ба фурӯш гузоранд.

Аз ин ба хулоса омадан мумкин аст, ки ватанфурӯшон манфиати хешро аз ҳама чӣ боло гузошта, беибову ноҷавонмардона баҳри ба даст овардани бовариву садақаи хоҷагонашон ҳарчи бештар сафсатафурӯшӣ мекунанд.

Маҳмудбек ШОЙИМҚУЛОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh