Баргузории машқҳои низомии Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3

21 июли соли 2021 дар қисми низомии 14356 машқҳои Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 доир шуд.

Раиси вилояти Суғд, сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомад иброз дошт, ки тибқи нақшаи кории Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 гузаронидани машқҳо дар ҳудуди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомии вилоят дар сурати ба вуқўъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмониродар бар мегирад.

Таъкид карда шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон табдил ёфта, имрўз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя  намоянд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.

Таҳлили вазъи минтақа ва ҷаҳон, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд.

Раиси вилоят ҳамзамон афсарону сарбозонро ба муносибати сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон табрик карда, ба онҳо саодати рўзгор, саломатии бардавом, барору комгорӣ, осмони соф ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Сипас, гузашти низомии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh