Терроризм яке аз хавфноктаррин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи муосир

Ҳар соату ҳар сонияҳо ҳатто ҳар қадаме мебардорему мегузорем, аз расонаҳои иттиллооти як ибора мехонему мебинему мешунавем. Ин ибора ҳамон иборае, ки тамоми ҷаҳонро ба таҳлука даровардааст. Ҳатто баъзе давлатҳоро ин ибораи нобарор ба коми худ кашидааст. Ин ибора чандин нафаронро бехонаву дар чандин модаронро бефарзанд ва чандин фарзандонро бемодару падар кардааст. Ин ибора ҳамон иборае, ки чандин ҷавонони хунсардро қурбони худ кардааст. Ин ибора ҳамон ибораи “терроризм ва экстромизм” аст, ки имрӯзҳо касе ин ибораро шунид, албатта ба он андеша меояд, ки ҳолиё марги чанд нафари бегуноҳ ва тифли бегуноҳро эълон хоҳад кард. Аз шунидани ин ибора ҳамагон аллакай дилмона шудаанд. Ҳатто намехоҳанд дар мавриди ин фикре кунанд. Аммо афсус. Ки метавонад ба ин фикр накунад? Ҷомеаи ҷаҳони ҳар сония фикри решакан кардани ин ибораро аз рӯи замин мекунад.

Терроризм ва экстремизм аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад, ки новобаста аз шакли идоракунӣ ба тамоми мамолики олам, аз ҷумла кишвари мо беасар нест. Терроризм ва ифротгароӣ дар ниҳоди худ зуҳуроти номатлуб аст, дар замони имрӯза бештар шудааст.

Ин зуҳурот боиси ба миён омадани оқиботҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии давлатҳо, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гашта метавонад. Аммо ҳар як зуҳурот заминаи пайдоиш дорад. Ба назари мо шакли ибтидоии тавлиди терроризм ин ифротгароӣ, экстремизм, радикализм мебошад. Яъне чизеро бо тундӣ хостан ва ба чизе бо тундӣ зиддият нишон додан.

Таъсири манфии амалҳои экстремисию террористӣ:

- таъсиррасонӣ ба шуури шахс ва ҷамъият, ки фаъолияти минбаъдаи шахс ва ҷамъиятро ба норавшани тела медиҳад:

- аз байн бурдани озодии сухан, ки поймол гардидани ҳуқуқи инсон ва хилофи қонунгузориҳо, санади байналмилалии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мебошад:

- гирифтани пеши роҳи таълим ва таъсир расонидан ба сифати таҳсилот. Дар натиҷа ҷамъият, хусусан наврасону ҷавонон, аз таҳсилоти сифатнок дур гардида, донишҳоизамонавиро аз худ карда наметавонанд, аз ихтирооту навгониҳо бе баҳра мемонанд, ки барои ояндаи миллат рӯирост фаноёбӣ таҳдид мекнанд:

- таъсир расонидан ба тарбия ва масоили иҷтимоӣ . Ҷамъият аз ахлоқи инсонӣ ва фарҳанги миллӣ дур мегардад:

- гирифтани пеши роҳи рушди иқтисодиву иҷтимои давлат. Хароб гардонидани инфрасохтор ва иқтидорҳои истеҳсоли мавҷуда:

- зарари моддиву маънавӣ ба давлату миллат ва щайраҳо.

Қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ – маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб кори осон нест, вале имконпазир аст. Қадами аввал дар ин роҳ ҳар чи бештар босаводу маърифатнок гардидани ҷавонон мебошад. Ин хатар бошад, ҷомеаи моро ба таҳлука андохта аст. Ҳатто дар сари дастурхон мегуянд: “писари ҳамсоя фалони Русия рафту наомад. Чӣ магар террорист шудааст”. Чӣ магар фарзанди модари тоҷик одамкӯш аст? Бале, бадбахтона ҳаминтавр аст. Писари модари тоҷик ҳам террор шудааст. Ҳолиё модари тоҷик роҳи фарзанди ҷигарбандашро мепояду ба наберагонаш ваъдаҳои бардуруғ медиҳад: “Бачаҷон ҳамин, ки падарат омад, худохоҳад ба ту дучархаи нав мехарад. Духтарҷон то падарҷонат мебиёят ту алакай ҳавлируб шудаӣ”. Бо ҳамин ҳарфҳо наберагонро ба ояндаи номаълум умедвор ва бардуруғе, ки “падарат меояд” тарбият мекунад. Деворҳои зиндагии ингуна кӯдакон бо дурӯғ сохта мешавнд. Аммо...вале, лекин ин ҳама то кай бошад? Ин саволест, ки он модари ҷигарсӯхта ҳар сония ба сар дорад. Воқеян ҳам то кай метавон дурӯғ гуфт? Инро дер ё зуд он фарзандон мефаҳманд. Писарчае, ки падарро дар зиндагӣ қаҳрамони асосӣ ва ҳамчун як идеали худ медонисту ҳоло ҳам медонад. Рӯзе фаҳмид, ки падар террор шудааст, пас чигуна метавонад худро мисли қаҳрамони худ тасаввур кунад, чи гуна метавонад мисли падар бошад? Вой бар ҳоли он падаре, ки тинҷиву осоиштагии оилаву Ватанро нодида гирифта, ба сафи нохалафон истода, ҳатто бо қадом мақсад ҷангиданашро намедонад, меҷангад. Ин ба фарзанди модари тоҷик намезебад.

Як мисоли оддӣ. Масалан кӯдаке, ки саҳари аз хоб бармехезаду ба кӯча баромада машғули бозӣ мешавад. Ҳама ҷо ором дар гуш нағмаи чаҳ-чаҳи парандагонро мешунавад, магар ин осудагии миллат нест? Тасаввур кунед, кӯдаки 5-6 сола дар давлатҳои Сурияву Ироқ ба боғча не ҳатто ба кӯча баромада наметавонад. Шаб вақте, ки хоб меравад, ӯ ташнаи афсонаи модар аст, аммо ба ҷои афсонаи модар садои тиру туфангро мешунавад. Имрӯз бояд шукргузор шуд,ки чунин давлати тинҷу осуда дорем.

Чӣ хеле, ки гуфтем бадбахтона имрӯз ин ибораи нангин ба ҷамъияти осоиштаи мо омада мавқеи касифонаи худро пайдо кардааст. Акнун аз ҷавонони хунсарду нодону аз дин бехабар як фарде бо ном экстрамист ё террорист месозад. Ҷавонон бояд қабл аз даст задан ба ҳар коре аввал дурнамои онро пурра дарк намуда, сипас ҷодаи ояндаи худро интихоб намоянд. Баъзан хоҷагони палиди хориҷа нуқта заъфи ҷавононро бо ҳар гуна роҳҳо омӯхта, онҳоро зери фармони худ гирифта мехоҳанд, бародарро бо бародар шуронанд. Аммо хушбахтона ин корро карда наметавонанд, миллати тоҷик дигар курона рафтор намекунад ва намехоҳад, ки бародари худро сар бизанад. Давлату миллати тоҷик дар тӯли таърих борҳо шикаст хурд ва ҳар боре, ки шикаст хурд тавоно шуд. Бояд он хоҷагони хориҷа, ки барои манфиат ба худ бародарони моро истифода мебаранд донанд, ки миллати тоҷик миллати тоҷики 30 сол қаблӣ нест. Ҳолиё ин миллати куҳанбунёду давлати ҷавони нав 30-сол дошта тавонист дар ҷавониаш ба бисёр дастовардҳо ноил гардад. Сарҳади худ нишону парчами худ ва сарвари закиву донои худро дорад, ки ин ҳама аз Соҳибистиқлолии ӯ далолат медиҳад. Ин давлат имрӯз метавонад бо ҳаргуна касифиҳои онҳо биҷангад ва бадиро ба нестӣ барад. Ин давлати кучаки ҷавонро дар тамоми дунё ҳамчун давлати тараннумгари сулҳу субот мешиносанд.

Дар охир ба ҷавонони хунсарди нодону аз дин бехабар гуфтаниям: Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳама амалҳои номатлуб, пеш аз ҳама рӯҳу қалби модарони мо мешиканад. Мо ҷавонони бо нангу номуси миллатро месазад, ки ин нангро ба худ нагирем ва барои миллатҳои дигар дарси ибрат шавем.

Хар як ҷавон бо роҳи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, фаҳмонидани моҳияти қонунҳо байни ҷавонон дар пешгирӣ намудани ҳама гуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа ҳиссагузор бошад. Лозим аст, ки ҳар як зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризм ва экстремизм сари вақт пешгирӣ шавад. Эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз ҳама гуна сӯистифода аз ҷониби нерӯҳои манфиатдор ва дигар хатарҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва экстремизми динӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрвандӣ аст. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, парвариши эҳсоси ифтихори ватандорӣ, таҳаммулгароиву инсондӯстӣ бо мақсади шомил нагардидани ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ ва ифратгароӣ, мазҳабу равияҳои бегона.

Шаҳбол Нурматов
– донишҷӯи курси 2-юми факултети забонҳои хориҷии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh