ТЎФОНИ ДАРУНИ ФИНҶОН

Дар адабиёти муосири аврупоиву русӣ як ифодаи хеле аҷоиби воҳимаву изофагўӣ маълум аст. Дар ин ҳол мегўянд – тўфони даруни финҷон, ки ҳамвазнаш тақрибан ифодаи «аз пашша фил сохтан аст».  Имрўз кори ТТЭ ҲНИ низ ба ҷое расидааст, ки танҳо ташкили ҳамин навъи найрангҳои беурзаву беқимате аз дасташ меояду халос. Чунин дебочаи мо аз он ҷост, ки дирўз аз тариқи шабакаи иҷтимоии ЮТУБ баромади онлайнии роҳбари ТТЭ ҲНИ «Ҷашни Истиқлол дар сояи коронавирус: чанд пешниҳод ба Ҳукумат» баргузор гардид.

Ин ҳодисаи нокироро метавонистем нодида гирем. Аммо зарур донистем дар иртибот ба ин амали ноҷавонмардонаи роҳбари ТТЭ ҲНИ ва тўфоне, ки мехостанд бо иборае дар финҷони қаҳва барпо кунанд чанд нуктаи аз назари мо зарурро қайд кунем. Аслан Кабирӣ дар он замоне, ки ӯ дар курсии парлумон соҳиби овоз шуд, ин таҷрибаро аз худ кардааст. Ӯ пайваста кӯшиш мекард, бо гуфтани камбудиҳои ҷузъии ҳукумат худро ба мардум ширин нишон диҳад. Вале пешравиҳое, ки дар ҷумҳурӣ ба амал меомад, нодида мегирифт ва бо ин роҳ мехост мардумро ба худ ҷалб карда, ба мақсади нопоки худ бирасад.

Дигар ин, ки ҷаҳони дипломатияи муосир ва бозиҳои абарқудратҳо ранги дигар гирифта, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои худ, мамолики манфиатҷў аз мўҳраҳои хурду бузурги тахтаи шатранҷ истифода мебаранд. Имрўз низ хоҷагон хостаанд, аз роҳбарияти ТТЭ ҲНИ чун аз мўҳраи хурди ночизе дар бозиҳои палид фоидабарӣ кунанд. Аммо чуноне, ки ҷомеаи ҷаҳон ва халқи сарбаланди тоҷик хуб огаҳ аст, тир боз ҳам хок хўрд.

Мутаассифона баъзе аз ҷавонони мо, ки дар хориҷ ҳастанд ва аз вазъи кунунии Тоҷикистон ба дараҷаи кофӣ хабардор нестанд, ба суханҳои ин иғвогар бовар намуда истодаанд. Ҳол он, ки мо садҳо нафронро медонем, ки барои бовар намуданашон ба Кабирӣ ва ба роҳи ҷиноят рафтанашон пушаймон гаштаанд. Вале, пушаймони надорад оқибат суд мегӯянд.

Муҳиддин Кабирӣ дар ин баромади худ сараввал оид ба омодагиҳо ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, баргузории чорабинии идонаро беҳуда хонда, сиёсати давлатиро танқид намуд. Ин хоинони беақл намефаҳманд, ки баргузории чорабиниҳои идона ин муаррифи фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва тарғиби дӯстиву рафоқат байни мардум мебошад.

ТТЭ ҲНИ ва раҳбаронаш ҳатто берун аз марзи Тоҷикистони азиз бори дигар исбот намуданд, ки бешак зархариди хоҷагони аҷнабӣ будаанд ва мемонанд. Ин матлаб дақиқан собит мекунад, ки Кабирӣ боз ба дари хоҷагони худро бо дасти дароз ва сари хам рў оварда, бо умеди дарёфти пул барои идомаи фаъолияти ғайриқонуниву зиддибашариаш гардан каҷ кардааст.

Дар фарҷом мехоҳам ба ин хоинони миллати номвар хитоб кунам, ки акнун хеле дер шудааст ва миллат чеҳраи аслии шумо лаинонро ба хубӣ шинохтааст. Дониста монед, ки аз ин пас ҳамеша чунин хоҳад буд. Шумо бар алайҳи ормонҳои поку ҳадафҳои волои Тоҷикистони азиз ҳарфе мегўеду бо ҳамин заминаи шикасти бештари хеш ва пояи мустаҳками давлати моро фароҳам меоваред. Аҷиб аст, аммо ҳақиқат аст!

Тўхтаев Т.М.
– мудири кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh