ЭКСТРЕМИЗМРО МАҲКУМ БОЯД КАРД
- Details
- Published on Thursday, 01 August 2024 08:27
Дар шароити тағйир ёфтани вазъи сиёсии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав дар зиндагии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ мушкиливу хатарҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, ояндаи дурахшони наслҳои минбаъдаро ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳадафи асосии экстремистон ва террористон, пеш аз ҳама, бо роҳи ҷангу мудохила суст намудани пояҳои давлатдорӣ ва бо роҳу воситаҳои гуногун ба сари қудрат омадан аст.
Болоравии фаъолияти ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба асосҳои сохтори конститутсионӣ халал ворид намуда, барои бехатарии ҳаёти ҷомеа ва давлат хатари ҷиддӣ эҷод хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои таҳкими дӯстию ҳамкорӣ, сулҳу субот ва роҳ надодан барои сар задани ҳар гуна ҳаракатҳои дорои хусусияти ҷангҷӯёна кӯшиш карда бошем, зеро мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандӯсту меҳанпараст, ҳар як аъзои ҷомеаи мутамаддин аст. Аз ин лиҳоз, баҳри баланд бардоштани самаранокии мубориза алайҳи терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият муҳиму зарур аст.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ халқи табиатан хирадпешаю сулҳпарвари тоҷик ва Сарвари оқилу донои онро ҳамчун мунодии сулҳ ва тарғибгари дӯстиву ваҳдат мешиносад ва эътироф мекунад. Айни замон фаъолияти гурӯҳҳои ифротгароӣ на танҳо барои давлати мо, балки барои мардуми тамоми сайёра хатари ҷиддӣ дорад. Аз ин лиҳоз, масъалаи терроризм ва экстремизм ба яке аз муаммоҳои аср, ки таҳдиду хатари ҷиддӣ ба ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад, мубаддал гардидааст.
Мо, тоҷикон, фарзандони далеру шуҷои ин Ватану миллати соҳибистиқлол ҳастем. Бояд рисолати ваҳдатпарастӣ ва тарғибгари сулҳу суботи хешро на танҳо дар назди миллату давлат, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сомон расонида тавонем. Аз ин рӯ, мо - ҷавонон ҳамеша чунин амалҳоро маҳкум намуда, аз ҳамнаслҳои худ даъват менамоем, ки барои мубориза ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм талош варзанд.
Матлуба ОЛИМОВА,
донишҷӯи факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров