ТТЭ ҲНИ ВА ТЕРРОРИЗМ ҲАММУРОДИФАНД
- Details
- Published on Thursday, 01 August 2024 08:38
Терроризм ва экстремизм дар замони муосир ба проблемаи глобалии тамоми халқиятҳои ҷаҳон мубаддал гаштааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳои худ таъкид кардаанд, ки «Террорист ватан, миллат надорад».
Созмони минтиқавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай хабар медиҳад, ки ба феҳрасти террористӣ ҲНИ ворид кардааст. Яъне, созмони ифротгароии наҳзатиён аз ҷумлаи 100 созмони террористиву ифротгароии ҷаҳонӣ шинохта шуда, эътироф шудааст.
ТТЭ ҲНИ барои амалӣ гардонидани мақсадҳои сиёсии хеш таи чанд сол фаъолият карда, бо бисёр ташкилоту иттиҳодияҳои экстремистиву террористӣ робита пайдо кардааст. Маҳз, бо дастгирии чунин ташкилоти террористии давлатҳои хориҷӣ, фаъолияти худро идома медод.
Ҳизбе, ки манфиати халқи хешро ҳимоя намекунад, дар байни ҷамъият низоҳоро барафрӯхта, зидди давлат амал мекунад, ба амнияти давлат ва сулҳу суботи кишвар таҳдид карда, ҷангҳои шаҳрвандиро ба вуҷуд меорад, ҷавононро роҳгум занонда ба пайраҳаи марг сафарбар мекунад ва сабаби фалокатҳову бадбахтиҳои ҳазорҳо тоҷикистониён мегардад, набояд, ки дар сарзамини соҳибистиқлоли мо амал дошта бошад. ТТЭ ҲНИ дар сарзамини аҷдодиамон тухми бадиро пошида, ҳадафҳои нопок доранд. Халқи ба ору номуси тоҷик ба даъватҳои разили наҳзатиён дигар бор фирефта нахоҳанд шуд.
Сулҳу ваҳдати миллӣ, ки машаққатҳову ҷонбозиҳои зиёд соҳиб шудем, ба дасти хоинони ватан нахоҳем супурд. Ақли солими ҳар фарди тоҷикистонӣ зидди ифротгаронанд, зеро солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро, ки халқи азияткашидаи тоҷик аз сар гузаронд, намемонад, ки боз пас гардад.
Д. БОБОҶОНОВ,
устоди ДДҲБСТ