ИҒВОАНГЕЗИИ НАВИ ИФРОТГАРОЁН

Ба ҳамаи шаҳрвандони мамлакатамон маълум аст, ки имрӯзҳо сафари Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон ба шоҳигарии Белгия ва давлати Фаронса идома дорад. Аз тариқи шабакаҳои телевизион пазироии гарму самимонаро аз ҷониби Шоҳи мамлакати Белгия, мулоқотҳои Пешвои миллатро бо сарони мамолики Фаронса ва Иттиҳоди Аврупо тамошо карда истодаем. Ҳамчунин имрӯзҳо дар созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир гардида истодаасту дар Фаронса устодони санъати мамлакати мо бо барномаҳои мӯҳташами консертӣ баромад доранд. Дар давлати Фаронса Ҷаноби Олӣ бо гурӯҳи шаҳрвандони муқими Тоҷикистон мулоқоти самимӣ оростанд.

Ҳамаи ин, яъне пазироии гарму ҷӯшони давлатҳои Аврупо аз сарвари мамлакати тоҷикон аз болоравии обрӯву нуфузи   Тоҷикистони азизи мо дар арсаи ҷаҳон шаҳодат медиҳад.

Вале дар ин рӯзҳо, ки Сарвари мамлакати тоҷиконро дар ин кишварҳо дар сатҳи баланд меҳмондорӣ мекунанд, як гурӯҳ ифротгароён, аниқтараш ватангадоён, ки дар кишварҳои бегона сарсону саргардонанд ва лаҳзаи муносибро мепоянд, ки ба назари хоҷагони хориҷиашон гарм намоянд, аз ин фурсат истифода бурда, ба дасисабозии нав оғоз кардаанд. Ин ашхос, аз ҷумла Илҳом Ёқубов  тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ  боз дар ҳаққи ватани худ  тӯҳмату бӯҳтон зада истодаанд. Ин нотавонбинон  гӯё  ҳама он дастовардҳои мардуми Тоҷикистонро  дар солҳои соҳибистиқлолӣ намедонанд,  аз  торафт дар миқёси олам  афзудани эътибори  давлати мо бехабаранд.  Вале имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибдавлату соҳибихтиёр нағз медонанд, ки  ин  афрод  киҳоанд, чигуна  сиришт доранд.  Тариқи шабакаҳои телевизиони мамлакат намоиш дода шудани  чандин филмҳои мустанад аз  рӯзгори аъмоли ин афрод  симои ҳақиқии ононро  ба мардуми сарзаминамон кушода додааст.

Имрӯз шаҳрвандони диёри офтобии Тоҷикистони азиз  роҳи худро ба  сӯи  пешоравиҳо, рушду такомул  интихоб кардаанд. Бо созандагиву бунёдкориҳо баҳри ободиву  осудагии Ватани муқаддасамон камар бастаанд. Медонанд, ки ин ашхос, гурӯҳи хиёнаткорони Ватан , ки худро тоҷик ном мебаранд, нангу ор надоранд. Вагарна, дар давлатҳои дуродур аз меҳан истода, ба  сӯи кишвари худ сангандозӣ намекарданд.

Солеҳа  КАМОЛОВА,

сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh