СУЛҲУ СУББОТУ АМНИЯТ МУҚАДДАМ АСТ!

Баъд аз тантанаи бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Аврупо сафар намуданд ва имрӯзҳо бо сафари расмӣ дар пойтахти Фаронса шаҳри ПариЖ  қарор доранд.

Боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми  Тоҷикистон аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, равобити дуҷонибаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ду кишвар тавсеъ меёбад.

Рӯз то рӯз боло шудани обрӯву эътибори Пешвои муаззами тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ аз заҳмату талошҳо ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлати мо шаҳодат медиҳад.

 Дар доираи сафари кории хеш дар Аврупо Президенти кишвари мо, Эмомалӣ Раҳмон бо шахсиятҳои барӯманди арсаи сиёсати ҷаҳонӣ силсилаи мулоқоту вохӯриҳо анҷом доданд, ки мулоқот бо Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйё, дидор бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел, суҳбати хоса бо  дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия, суҳбати ихтисосӣ  бо Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл аз ҷумлаи суҳбату мулоқоти Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон мебошад.

 Албатта, баъд аз таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар саросари Тоҷикистони азиз ва пазирои гарму пурмуҳаббати мардум аз Президенти худ, ки воқеан самимона дӯст медоранд, силсилаи мулоқоту музокироти Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ба пӯстини хоинони Ватан, ки дар хориҷи кишвар сарсону саргардонанд кайк даровард.

Ин бухсу ҳасодат ва ғаразҳои фузуни онҳоро имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида намуда, ба ин андеша боварам бештар мегардад, ки «Неши ақраб на аз раҳи кин аст. Муқтазои табиаташ ин аст».

Воқеан, барои дидан ва таҳаммул кардани ин ҳама ободиву осоиш  дар Тоҷикистон ин «ақрабакон»-ро заҳмати зиёд мебояд.

Дар паси Пешвои муаззами хеш зиёд 10 миллион Тоҷикисонӣ қарор доранд ва ба сиёсати пешгирифтаи ҳукумати хеш содиқ ҳастанд. Эътирофи созмонҳои ҷаҳонӣ баёнгари он аст, ки миллати сарбаланди тоҷик бо Пешвои муаззами хеш дар роҳи рост ва ба қуллаҳои баланди муваффақиятҳои баланд раҳсипоранд.

Бояд ба ин хоинони миллат ҳаводиси Афғонистон дарси ибрат бошад, аз парешонии миллатҳои ин кишвар, ки танҳо маргу кушторро ба бор дорад сабқ бигиранд ва тухми низову кинаро миёни мардум напошанд.

Дар тоҷикон мақоле ҳаст, ки мегӯянд: «Саг аккос мезанад, корвон меравад!»

Корвони сулҳу субботу амнияти мо ҷовидонӣ ба пеш хоҳад рафт, мо ба ин итминон дорем!

 Мадина ҲАКИМОЗОДА,
устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh