Аз шабакаҳои иғвобарангез дурӣ ҷўем!

Пўшида нест, манфиатхоҳоне, ки фазои иттилоотии моро барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ истифода мебаранд, шеваю услуби ба худ хос доранд. Онҳо маълумотҳои дурўғу ғаразнокро хеле моҳирона ва бо ҳадафрас интишор менамоянд.

Ҳоло тавассути сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ аъзо ва тарафдорони ТТЭ ҲНИ саҳифаҳоеро, ки аз ҷониби Шавкати Муҳаммад, Муҳаммадиқбол, Шарофиддин Гадоев, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар пайравони ин ҳизби эктремистиву террористӣ пеш бурда мешавад, дар ютуб давр мезанонанд, ки аз маърифати пасти онҳо дарак медиҳад.

Дар ҳар як барнома суханҳои берун аз мавзуъ, муносибати носозгори онҳо тавассути ин барномаву шабакаҳо дида мешавад. Беҳуда аз ҷониби Суди олии мамлакат ҷонибдорону аъзои ин ҳизбу ҳаракатҳо экстремистиву террористӣ эълон нагардидаанд. ҳадафи ин тоифа низоъандозӣ ва ноором сохтани фазои сулҳу ваҳдати кишвари мо аст.

Аз андешаҳои онҳо бармеояд, ки мактаби одаму одамгарӣ, таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстиро нагузашта, гӯянда ва шунавандаро то охир гӯш карда наметавонанд, ба хушсуханӣ ва одоби муоширату ахлоқ эҳтиёҷ доранд.

Бояд эҳтиёткорӣ аз ин гуна ашхос, дурӣ аз барномаҳои заифу бекора сармашқи кору фаъолияти ҳар як шаҳрванд бошад, зеро ин тадбир метавонад моро аз ҳамагуна падидаҳои манфӣ ва андешаҳои носолим эмин нигаҳ дорад. 

Бобоҷони Хайриддин, 
ҷомеашинос, устоди Донишгоҳи давлатии 
Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh