Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд

Созмони ифротгаро ва террористӣ эълон гардидани “Паймони миллии Тоҷикистон” аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон, бешубҳа, зарбаи ҷонкоҳе зад барои идомаи фаъолияти ин ниҳоди ҷангафрӯз ва дасисаангез. Ва мусаллам аст, ки баъди судури ин ҳукми додгоҳ ба “сарсупурдагон”-и ин гурӯҳи ҷинояткор ва ихтилофангез барои паҳн намудани “идеяҳои милли”-и худ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи нави баҳс рӯи кор омад.

Чаро ин созмон бо ин ҳама тими ба қавли худашон “озодандеш”-у “пурқувват” миёни ҷомеа, хосса дар кишвари мо маҳбубият пайдо накард? Чаро аъзо ва пайравонаш зиёд нашуд? Барои он ки тору пуди ин созмон ҳамагӣ аз макру ҳиял, дасисаву бӯҳтон сохта шудааст.  Сониян, ҷавҳари ин созмонро нафароне ташкил медиҳанд, ки касе онҳоро ба дурустӣ намешиносад.

Ин ташкилот аввал ба номи ислом иснод овард. Сипас ҷомеаи солими кишвар чеҳраи аъзо ва роҳбарони ин ташкилотро шинохт. Он тарҳу барномаҳое, ки онҳо рӯи даст доштанд, ҳамагӣ акси онро намуданд. Яъне, боварию эътмоди мардумро аз даст доданд. Бояд ҳар нафаре, ки ба қадри тинҷиву оромӣ мерасад, барои ҷавоби сазовор додан ба ин шӯрапуштон омода бошад. Ба наслҳои ҷавон, ки идомадиҳандаи рисолати бузургу таърихии давлатдориамон мебошанд, пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ ба мисоли созмони “Паймони миллӣ” худро дар канор гиранд. Маҳз дар ҳамин вазъи нотинҷии курраи замин ва мавқеъ гирифтани ташкилоту созмонҳои ифротӣ дар бархе мамолик, мо бояд барои муҳофизат кардани кишварамон аз чунин нохалафон кӯшиш намоем. Инчунин мо вазифадорем, ки ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии фарзандони худро тақвият бахшем, то ки арзишҳои фарҳанги ғаниву рангоранги гузаштаи миллати худро қадр намоем.

Таъмини амнияти миллӣ ва мардумӣ яке аз ҳадафҳои меҳварии давлату Ҳукумати кишвар мебошад. Зеро давлате, ки дар он амну субот пойдор аст, пешравию тараққиёт ва рушди миллатро кафолат медиҳад. Мо ин пешравиро эҳсос намуда истодаем ва ояндаи кишвари худро дурахшон мебинем.

Томирис Нурматова
– устоди ДДХ

Add comment


Security code
Refresh