ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ АСР

Имрӯз ҳодисаҳои мудҳиши дар  кишвари ҳамсояи  Афғонистон баамаломада  моро як бори дигар ҳушдор медиҳад, ки воқеан, терроризм вабои аср аст ва ҳузури он боиси хонахаробиву саргардонии инсоният мегардад.

Аз шабакаҳои иҷтимоӣ  роҷеъ ба ҳаводиси ин кишвари ҷангзада мехонаму ҳазорон шукр мегӯям, ба сулҳу субот ва оромиву амнияти кишварамон. Шукр мегӯям ба ваҳдату иттиҳоде, ки дар саросари мамлакати мо ҳукмронӣ дорад. Воқеан, ҷанг дарду андӯҳ аст, ғам аст ва бештар аз ҳама мо, модарон  аз нофаҳмиву ҷангу ҷидолҳо ранҷ мебинем.

Имрӯз гоҳе вақтҳо мо фаромӯш мекунем, ки шабҳо дарвозаи ҳавлии хешро қулф занем. Ин албатта аз он аст, ки мо хотири ҷамъ дорем, ба давлат ва муҳофизони он эътимоди комил дорем.

 Дар саросари ҷаҳон  имрӯз терроризмро бо содир намудани амалҳое мешиносанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд,  бехатарии љамъиятиро вайрон карданӣ мешаванд.  

Бешак, террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

  Мо ифротгароиро дар кадом шакл ва дар кадом гушаву канори дунё, ки набошад қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад.

Албатта ҳодисаҳои Афғонистон, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла, ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунад. Мо мардуми кишвар зиракии сиёсиро аз даст надода, бояд бањри пешгирии ифротгароӣ мубориза барем.

Пайдост, ки сабабҳои пайдоиши экстремизм ин аз сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ  аст.  

Бархе шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандон ба гурўњҳои ифротгаро мебошад. Шаҳрвандони мо, бахусус ҷавонони кишварро зарур аст, ки аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ парҳез намоянд ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Ва дар таъмини амният ва якпорчагии кишвари азиз муттаҳид бошанд

  Мо, ҷавонон  терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем.

Мутрибахон ЭШОНОВА,
омўзгори мактаб - интернати
давлатӣ барои кўдакони
имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд
 ба номи Сироҷиддин Тоҷибоев

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh