Ба доми фиребу найранг намеафтем
- Details
- Published on Thursday, 25 April 2024 08:40
Баробари ба даст овардани Истиқлоли миллӣ сарзамини тоҷикон оҳиста-оҳиста роҳ сӯи бунёдкориву созандагӣ ва сулҳу ваҳдат қадам ниҳод. Дар аввали соҳибистиқлолӣ ҷумҳурии тоҷикон бо душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ омад.
Вале, дар муддати начандон зиёд тавонист соҳиби обрӯву нуфуз гардад. Ин ҳама созандагиву пешравии кишвари наврустаро баъзе аз бадхоҳони миллат дида натавониста, бо ҳар роҳу васила баҳри расидан ба нияти нопоки худ аз ҷавонони зираку ҳушёр бо вайрон кардани нерӯи ақлонии онон истифода мекарданду мекунанд. Онон худро ватандӯстуинсонпарвар ва сулҳхоҳи мардуми тоҷик вонамуд карда, бо фиребу найрангҳои бардурӯғи гуногун афкори равшану солими ҷавононро вайрон мекунанд. Вале, агар ба умқи ин гуна дасисабозиҳо назар афканем, танҳо як чиз – бадхоҳи кишвари сулҳовар будани онҳо аён мегардад.
Яке аз чунин афроди сиёҳқалбу ноодам Муҳидин Кабирӣ аст, ки баробари дидани сармояи зиёд худро аз дигарон боақлтар ва ҳатто аз давлат донотар шуморид. Дар баробари ошкор шудани симои аслии Муҳидин Кабирӣ ва ҳизби ифротгари ҲНИ сарчашмаи маблағгузории ӯ ва пайравонаш ошкор гардид.
Имрӯз симои аслии Муҳидин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро чун хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Муддати чанд сол аст, ки аз дур истода ба сӯи Тоҷикистон сангпартоӣ мекунад, аз хориҷа бо фармони хоҷагони хориҷиаш обрӯю нуфузи халқи тоҷикро паст карданӣ мешавад.
Ногуфта намонад, ки ин хоини миллат бо аъзои ташкилоти террористии ҲНИ солҳои 90 - уми асри гузашта, халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, сокинони осоиштаи кишварро ба хоку хун оғушта карда буд. Ҳамчунин моҳи сентябри 2015 кӯшиш карданд, ки сарзамини тоҷиконро ноором созанд, аммо халқи бошарафи тоҷик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хубӣ шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд. Ҳадафи асосии чунин ашхос ин аз байн бурдани оромиву суботи кишвар ва ҳамдигарфаҳмии сокинон аст, зеро онҳо намехоҳанд, ки як кишвари биҳиштосову маърифатпарвар, соҳибтамаддуну ориёнажод бо сулҳи комил умр ба сар баранд.
Боиси таъкид аст, ки имрӯз ҷавонони Тоҷикистон нисбат ба солҳои пеш ҳушёру зирак шуда, мафҳуми ҳуқуқ, озодӣ, сулҳ, истиқлолият ва ваҳдатро ба хубӣ дарк кардаанду ба доми чунин шахсони нопоку иғвоангез нахоҳанд фаромад.
Абдуллозода Рустамҷон РАҲМАТҶОН,
котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Хуҷанд,
ҳуқуқшиноси дараҷаи 3