АМАЛИ БАД БЕҶАЗО НАМЕМОНАД

Мутаассифона, воқеае, ки дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рух дод, сокинони кишварро ба ташвиш овард. Шабакаҳои интернетӣ пур аз ҳангомаҳои хоинон шуданд. Аслан онҳо худ интизори чунин ҳаводис ҳастанд, ки боиси қаноатмандиашон аст.

Роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ҳудуди ВМКБ бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ ҳолати мазкурро тобиши ҷамъиятӣ дода, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба таври ғайриқонунӣ гирдиҳамоӣ ташкил намуданд.

Аксарияти онҳое, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  боздошт шудаанд, дар ҳолати мастӣ қарор доштанд.

Саркардаҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ аз ҳиссиёти авбошӣ бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, сардори ШВКД шаҳри Хоруғро, ки беяроқ буд, захмӣ намуданд, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Худ қазоват кунед, дар назди инсони ақлу фаросаташ баҷо ва ҳуқуқдон пӯшида нест, ки дар кӯтоҳтарин фурсат чи ҳодисаҳои ғайриқонунӣ ва қонуншиканиҳо дар қаламрави Бадахшон ба амал омаданд, ки нисбати ин гуна ҷиноятҳои  сурат гирифта, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат наметавонад хомуш ва бетараф бошад. Бартараф намудани ҳодисаҳои номатлуб ва дастгиру ҷазо додани ҷинояткорон вазифаи ҷонии кормандони ҳифзи ҳуқуқ мебошад. 

Ин масъалаҳо дар доираи салоҳияти мақомоти дахлдор дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл ва тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд.

Сулҳ ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.

Биоишаи Назар,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh