Пойдории ҷомеа аз волоияти қонун!

Мутаассифона, то ҳол дар ҳаёти ҷомеа тоифаи авбошон, ки қонунҳои давлатиро эҳтирому риоя намекунанд, вохӯрдан мумкин аст, ки мебояд саривақт онҳоро дарёфт ва ҷазои муносиб дод.

Воқеаҳои охири моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Хоруғ рухдода шаҳодати мавҷудияти гурӯҳҳои хурди таҷовузкор дар ин  минтақа мебошад, ки риояю эҳтироми қонунро намепазиранд. Мардуми сарбаланди Кӯҳистони Бадахшон, ки бо иқлими хоса фарқ менамояд, дар шароити табиие ба воя расидаанд, ки аҳлию рафоқатро меъёри асосӣ донистааст. Зеро, дар шароити кӯҳистон дастгирии якдигар зиндагиро осону файзбор месозад. Бинобар ин, иқлими хосаю обу ҳавои тозаи кӯҳсор дар Бадахшон боиси ташаккули зумраи олимону донишмандони бузург –аз Носири Хусрав то академикҳо Юсуфбековҳову Илоловҳо ва даҳҳо дигарон шудааст. Вале, дар ин ҷомеаи солими Бадахшон баъзе нафарони саргумзада низ мавҷуданд, ки мисли Зиёбеков Гулбиддин, Мамадбоқиров М., Шанбиев М. ва дигарон. Агар инсони солим мебуданд, мардуми орому сарҷамъро ба тазоҳуроту вайронкорӣ даъват намекарданд. Бо тӯдаи майзадагону нашъаманд, чиро мехостанд исбот намояндҳ

Бетамизиву авбошии тӯдаи пастфитратони бадахшонӣ ҳодисаи сатҳи маҳаллӣ асту, ҳаллу фасли худро ёфта истодааст. Итминон аст, ки адолат пойдору суботи сиёсӣ устувор мегардад ва айбдорон ҷазои муносиб мебошанд! Вале, муғризони ташкилотҳои террористию экстремистӣ тоифаҳои дигари ватангадо аз берун истода хостанд, ки вазъи баамаломадаро ба манфиати худ истифода баранд. Ҳайрон мешавед, ки ин тӯдаи муғризони аз авбошони кӯчагӣ муқовимат ба мақоми давлатиро дархост карда чӣ умед доштандҳ Наход нафаҳманд, ки мардуми кишвар, аз он ҷумла Бадахшон сулҳу оромӣ, суботи ҷомеаро мепазиранд. Он тӯдаи солҳои 90-уми асри қаблӣ нестанд, ки ба доми макри фиреби муғризонаатон афтанд! Даъват ба ошӯбу балво аз номардӣ гувоҳӣ медиҳад! Зеро, танҳо беақл дар талоши зиндагӣ такя ба нерӯи бозу мекунаду нафари соҳибфитрат бо зеҳну дониш ҷомеаро ба  дурнамои сафобахш ҳидоят мекунад.

Вазъи оромгаштаи Бадахшон, осудагии кишвари маҳбубамон нишонаи хок хӯрдани тирҳои кундпайи наҳзатиён аст, ки аллакай ҳукми одат пайдо кардаасту далолати бешармии онҳост. Пуштибонӣ аз авбошону даъват ба тазоҳурот ишора ба нопокию палидӣ, сиёҳботинию муғризии маккорони наҳзатӣ аст, ки бори дигар исботи худро ёфт. Фақат авбошу муттаҳам аз авбошу муттаҳамони дигар пуштибонӣ мекунанду нооромиро тақвият медиҳад. Солимақлон бошанд, ҳамеша ҳамагонро даъват ба оромиву субот ва таҳаммул мекунанд. Зеро, низоъандозӣ бадтарин амалест, ки хоси Иблиси малъун асту ҳамнишинонаш наҳзатиёни чоплус мебошанд.

М.СОБИРОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh