Хиёнат ба миллату давлат аз тарафи баъзе ашхосон
- Details
- Published on Thursday, 25 April 2024 11:29
Вақте, ки дар сомонаҳо суханҳои бардуруғи баъзе ахшосонро мехонам маро ин суханҳои бардуруғ ва беасос оид нисбати давлати Тоҷикистон ҳайрат мемонад. Дар ҳама вақт фикр мекунам, ки чаро як қабил инсонҳои аз бухл ва нодидабинӣ ба мардуми озоду осоишта, сулҳпарвар чашми дид надоранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо берун аз Ватани маҳбуб қарор гирифта, мехоҳанд дар кишвари мо ҷанг бошад, байни мардум талотум бошад. Лекин ин нақшаҳои ғайриинсонӣ ва душманӣ ба онҳо насиб нахоҳад кард.
Тоҷикистон худ як давлатӣ демократӣ ва озод мебошад. Дар кишвари азизамон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикситон бевосита аз дин ва мазҳаб ҳуқуқи озодона зиндагӣ намуданро додааст.
Имрӯз мусалмонон ё ин, ки дигар дину мазҳаб метавонанд озодона дар масҷиду хона намозҳои хешро иҷро намоянд. Ба ғайр аз ин халқи мо тамоми урфу одатӣ мусулмониро ба ҷо меоранд ва оиди ин масъала ягон хел маҳдудият аз тарафи давлату ҳукумат гузошта нашудааст.
Ман ҳамчун зиёӣ гуфтаниам, ки ин навиштҳои беасосӣ Кабириву Садриддин ва даҳҳо ҳаммаслакони он ва дигарон наметавонад ҷомеаи моро ба парокандашавӣ роҳ ёбанд, чунки имрӯз халқи азизи ин кишвар аллкай сафедро аз сиёҳ, хубиро аз бадӣ фарқ мекунанд. Шахсони душман фикр мекунанд, ки халқи тоҷик ранги худошон, мутассифона хато мекунанд онҳо худ гумроҳанд ва ғуломи зархариди хоҷаҳои хориҷӣ гардидаанд.
Ободӣ, сарҷамъӣ, тинҷиву амонӣ худ шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон аллакай дар ба бисёр дастовардҳои иқтисодиву сиёсӣ ноил гаштааст. Ва имрӯз ҷавонон бо нерӯи тоза ба илму маърифат, варзиш машғул шуда парчами Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардошта истодаанд.
Муносибатҳои хуб бо давлатҳои хориҷӣ, рафтуомади бемалол худ инъикосгарӣ он аст, ки Тоҷикистон давлати сулҳпарвар, сулҳовар ва сулҳҷӯ аст.
Дадоматов Д.Н.
– мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ