Терроризм ва экстремизм - таҳдид ба амнияти давлат ва ҷомеа
- Details
- Published on Thursday, 13 January 2022 11:37
Мушкилоти паҳншавии ифротгароӣ дар ҷаҳон ба яке аз омилҳои асосии таҳдид ба якпорчагї ва амнияти давлатњо табдил ёфта, боиси афзоиши бесуботӣ мегардад. Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, тафтиши ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиро пурзӯр кардан, мубодилаи фаврии маълумот байни мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқ дар бораи шахсон, робитаҳо ва гурӯҳҳои террористиро пурзӯр кардан зарур аст.
Ҳамин тариқ, қонунгузорӣ, омор ва таҷрибаи миллӣ оид ба ҳалли масъалаи терроризм бояд таҳлил карда шавад. Тадбирҳои аз ҳама муассир такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, таҳким ва такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пурзӯр намудани мубориза бо маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ, инчунин пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ мебошанд.
Баланд бардоштани савияи маълумот ва маданияти шањрвандӣ яке аз вазифахои аввалиндараҷаи ҳар як сокини бомасъулияту боандеша буда ва бояд хулоса барорад.
Барои бомуваффақият муқовимат кардан бо ифротгароӣ ва терроризм ва пешгирии онҳо дар ҷомеа, донистан ва дарки моҳияти ҷиноятии ин зуҳурот зарур аст.
Экстремизм ва навъҳои терроризми он ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои давлати мо хатари воқеӣ доранд.
Пешгирии фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ аз ҷониби давлат ва мақомоти ваколатдори он омода ва амалӣ намудани системаи ягонаи сиёсӣ, иттилоотӣ, тарбиявӣ, ташкилӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳуқуқӣ, махсус ва дигар чорабиниҳоро, ки ба пешгирии онҳо, ошкор ва рафъи фаъолияти террористӣ, кам кардани оқибатҳои он, муқаррар ва рафъи сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона шудаанд, таќозо мекунад.
Пешгирии экстремизм ва терроризм на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ мебошад.
Тошматова М.Д.
– дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ