Риояи қонун барои ҳама ҳатмист

Моҳҳои охири соли гузашта вазъияти Бадахшон тамоми сокинони кишварро ба ташвиш овард. нооромӣ ва гирдиҳамое, ки дар Хоруғ сар зад, дар сархати хабарҳои ҷумҳуриву берун аз он қарор гирифт, ки бисёр таассуфовар аст. Хушбахтона, ақли солим ва сулҳу оромӣ ғолиб омад ва вазъи Бадахшон ба низом даромада, оромиву осоиштагӣ таъмин шуд. Барои решкан сохтани омилҳои сар задани ин бесарусомонӣ мақомоти қудратӣ, дар чаҳорчӯбаи қонун тадбирҳои амалӣ меандешанд.

Дирӯз муроҷиати шоири маҳбуби кишвар Ато Мирхоҷаро, ки худ зодаи Бадахшон мебошад, тамошо кардам. Воқеан шоири миллат вазъи кунунии Бадахшонро воқеъбинона, бо таҳлилу хулосабарориҳои дуруст ва муҳим аз ҳама беғаразонаи хеш бозгӯӣ намудааст. Дуруст аст, ки танҳо итоати бечунучарои ҳар як сокини кишвар ба қонунҳои амалкунандаи давлат метавонад сулҳу субот ва оромии сартосарии мамлакатро таъмин намояд.

Шоир мегӯяд, ки кунун вақти ҷинояткорӣ ва риоя накардани қонунҳо гузаштаву мардуми Бадахшон бояд инро хуб дарк намоянд ва бидуни тарсу ҳарос барои несту нобуд сохтани ҷинояти гурӯҳҳои алоҳидаи минтақа, ки боиси нооромии вазъ мешаванд, мусоидат намоянд.

Бо ин андешаҳои шоир Ато Мирхоҷа сад дар сад розӣ ҳастам. Зеро пешниҳоди қотеъона ва муроҷиати ин шоири миллатдӯст саривақтист. Танҳо иттиҳод ва риояи яксони қонун метавонад ,ҷомеаи созандаро бунёд созад.

Мадина ҲАКИМЗОДА,
устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh