Хиёнат – нобахшиданист!

Дар таърихи миллати тоҷик рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун марҳалаи вазнинтарин сабт ёфтаанд. Ин рӯзҳои сахте, ки ба сари миллати тоҷик омада буд, асло дигар наояд. Душманони халқи мо ҳазорон модаронро бе писар, фарзандонро бе падар, занҳоро бе шавҳар карданд.

Шахси бомаърифат бояд имрӯз ба сухани душманони миллат гӯш накунад. Зиндагии орому осудаи худро ноором нагардонад. Симои ҳақиқии онҳоро шиносад. Ин хоинони Ватан, пайравони ТТЭ ҲНИ аз мамлакатҳои хориҷ истода, ба сари миллати тоҷик бӯҳтон зада истодаанд. Наворҳое, ки  амалҳои ин разилонро ба мардум нишон доданд, ҳама аз чеҳраи аслии онон бохабар шуд. Мардум акнун ба сухани ин ватанфурӯшон бовар намекунанд.

Оромиву осудагӣ дар Ватани азизамон ба масъулияти ҳар як шахрванд вобастагӣ дорад. Агар Ватан орому осуда бошад, сулҳу субот, пойдор нозу неъмат фаровон меҳру муҳаббати мардум нисбати ҳамдигар зиед мегардад.

Одами бадтинат ба муроду мақсадаш намерасад, зеро бори каҷ ба манзил намерасад. Мо дар Ватани азизи худ оромона кор ва фаъолият дорем ва баҳри боз ҳам обод кардани ин сарзамин саҳм мегузорем..

Ба суханони душманони миллат асло бовар намекунем. Аз забони шоир ба ҷавонони шарафманди Ватанамон гуфтаниям, ки:

                                            Ба ҷуз меҳри Ватан ишқи дигар нест,

                                            Ба фарзандони бонангу вафодор!

Мо, шаҳрвандони ин давлати соҳибтамаддунифтихор мекунем, ки чунин Ватану осудаву обод дорем.

Шамил Назарзода,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh