Зиракии сиёсиро набояд аз даст дод
- Details
- Published on Monday, 23 May 2022 11:39
Аз ҷунбишҳое, ки ҳоло дар ВМКБ ба мушоҳида мерасад кулли мардуми Тоҷикистонро нороҳат кардааст. Ин нооромиҳое, ки ба хотири як зумра нафарони нохудогоҳу фирефташуда дар Бадахшон рух дод ба сулҳу ваҳдати кишвар халадор гардида истодааст.
Албатта он нафароне, ки дар ин ҷунбишҳо ширкат карданду фирефтаи доми ҷаҳолат гардиданд дер ё зуд иштибоҳи худро мефаҳманд. Зеро қонун ҳаст, адолат ҳаст. Онҳо бояд донанд, ки ин сулҳу субот оромиву осоиши мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Ва як иғвои беҷои манфиатталабон наметавонад ба сулҳу ваҳдати тоҷикон зарба занад. Итминони комил дорем, ки мардуми соҳибфазилати Бадахшон ба дасисабозиҳои гуруҳҳои сиёсии манфиатҷӯ дода нахоҳанд шуд.
Суман Ҳомидова