ФИРЕФТАИ ХОИНОН НАХОҲЕМ ШУД

Вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем. Зеро мо мардуми фарҳангдӯсти миллати тоҷик чунин рӯзҳои вазнину сангинро солҳои 90 – уми асри гузашта аз сар гузаронидем ва дарк мекунем, ки чӣ гуна сахту сангин аст. Пас аз ба даст овардани сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ моро лозим аст, ки ин неъматҳои муқаддаси ба даст овардаамонро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва ба қадри он расем. Зеро он барои мо осон ба даст номадааст.
Имрӯз душманон ва хоинони миллати тоҷик ҳам дар дохил ва хориҷи кишвар мехоҳанд бо ҳар роҳу восита вазъиятро
ноором созанд. Яке аз чунин амалҳои номатлуби ҷинояткорон ин воқеаи дар 
Бадахшон баамаломада мебошад. Чанд нафар ҷавонони гумроҳ, ки хоҷагони дохиливу хориҷиашон роҳбалади мекунанд, мехостанд вазъиятро мураккабтар созанд.
Душманони миллати тоҷик имрӯз аз ҳодисаи охири дар Бадахшон  рухдода, истифода намуда, мехоҳанд миллати сулҳпарвари тоҷикро  таънаву маломат зананд. Ҳол он ки худи онҳои ба чунин амалҳои нангин даст доранд ва ин ҷинояткоронро бо яроқу аслиҳаҳо таъмин мекунанд. 
Вале, онҳо намедонанд, ки ба ҷуз ду – се нафар ҷавонони гумроҳкардаашон боз садҳо  ва ҳазорҳо нафар ҷавонони далеру шуҷоъ ҳастанд, ки Ватани худро дӯст медоранд ва ҳамеша омодаанд, ки бар зидди чунин нафарон қотеъона мубориза баранд ва миллату давлати худро муҳофизат кунанд.  
Хушбахтона, бо кӯшиш ва талошҳои ҳомиёни ин Ватан пеши роҳи ҷиноятпешагон саривақт гирифта шуда, монеаи мақсадҳои нопакашон гардиданд. 
Аз чунин амалҳо хоинони миллат истифода намуда, таънаву маломат болои миллати тоҷик мезананд. Бояд мо ба чунин амалҳо роҳ надиҳем. Кӯшиш кунем, ки бо обод намудани кӯчактарин гӯшаи диёри Ватан, мақсад ва амалҳои нопоки душманони миллати тоҷикро вайрон созем.   
Ёдгор Ёдгоров,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh