ВАТАНАМОНРО БО ҶОНАМОН ҲИФОЗАТ МЕКУНЕМ!

Бешак дар ҳодисае, ки дар Бадахшон ба амал омад,  душманони миллат, ки дар хориҷ ва дохили кишвар ҳузур доранд даст доранд. Онҳо пайваста мехоҳанд, ки миллати тоҷик дигарбора ноором гардад.

Ин фикру ақидаҳо ва амалҳои нопакшон то дер амалӣ нахоҳад шуд. Зеро онҳо намедонанд, ки миллти тоҷик пушту паноҳ ва ҳимоятгар дорад, ки ин ҳам бошад аз ҳисоби ҷавонони далеру шуҷоъ иборат аст.

Ин ҷавононро шумо худобехабарон ва фурухташудагон бо ягон пешниҳод ва суханҳои бемағзатон харида наметавонед. Чунки онҳо ватани худро дуст медоранд ва омадаанд, ки ҷон барои ин ватан қурбон кунанд.

Танҳо чанде аз ҷовонон ва мардуми гумроҳро, ки аз фарҳанг дур ҳастанд ба сӯи худ ҷалб мекунеду мехоҳед фазои оромии кишварро халалдор созед.

Хато мекунед!

Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба доми шумо ва шумобаринҳо нахоҳад афтод.

Ҳадафҳои нопоки шумо ҳеҷ гоҳ ва дар ягон давру замон амалӣ нахоҳад шуд.

Ҳамеша некӣ бар бадӣ ғолиб хоҳад омад. Зеро қалби шумо хоинони миллати тоҷик пур аз кинаву хусумат аст. Ободии миллати тоҷикро намехоҳед.

Шумо хиёнаткор будед, ҳастед ва хоҳед монд.

Ҳеҷ гоҳ фазои ороми кишвари моро, ки Тоҷикистон ном дорад, ноором наметавон кард. Ин ватан ҳимоятгар дорад ва шабу рӯз бо ҷон ҳифз хоҳад шуд.

Ёдгор Ёдгоров

Add comment


Security code
Refresh