ДУСТИВУ РАФОҚАТРО БА ЗИНАИ АВВАЛ ГУЗОРЕД
- Details
- Published on Monday, 23 May 2022 12:00
Имрӯз ба рӯйдодҳои охири Бадахшони кишвар дида медӯзаму ангушти ҳайрат мегазам. Мардуми минтақаи Бадахшон бо санъатдустиву оромтабиатӣ ва ҳақиқатнигорӣ намунаи ибрат буданду ҳастанд. Мо дар ин минтақа дӯстони зиёд дорем. Ҳоло рафти воқеаҳои рӯйдодаи ин минтақа моро ба андеша водор месозад, ки мақсад чист?
Охир дар ҷаҳон моро бо қуллаи сарбафалаккашидаи Исмоили Сомонӣ мешинохтанд. Дӯстию рафоқатамон самимиву сидқидилона буду ҳаст. Имрӯз ҳар яки моро лозим аст, ки зери парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол саф ороста, баҳри гул-гулшукуфии Ватани маҳбуби худ ҳиссагузорӣ намоем. Дӯстиву рафоқатро ба зинаи аввал гузорем. Мардуми Бадахшонро даъват мекунем, ки ба сафсаттаҳои бардурӯғи моҷароҷӯён хоинону бадхоҳони миллат дода нашаванд.
Наргиса Каримова