РАЪЙИ МО – ПОЙДОРИИ СУЛҲ!

Мардуми тоҷик ҳамеша хоҳони сулҳу осоиш буд, ҳаст ва мемонад. Ӯ иродаи қавиву устувор дораду фарҳанги бузурги миллии хешро пойдор нигоҳ меодорад. Аммо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҳалқи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Мамлакати мо чун ба истиқлолияти давлатӣ рӯй овард, аз ҳамон замон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сулҳу осоиштагӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдор бимонад.

Мардуми ватандӯсту раъиятпарвари мо хуб дар хотир доранд, ки сулҳу субот ва оромиву осоиштагиро бо чӣ мушкилӣ ба даст овард. Ба қавли халқ «он чӣ ба мушкилӣ ба даст омадааст, наметавон онро ба осонӣ аз даст бидод».

Мутаассифона ҳастанд нотавонбинон – душманони миллат, ки чунин тинҷиву оромӣ, дастархони фаровону ободии мулки моро дида наметавонанду бо чашми ҳасуд нигариста, баҳри вайронии мулки  ҳамешабаҳори мо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Сад дареҳ, ки дар ҷаҳони имрӯза чунин душманони миллати мо бо ҳар роҳу усул дар ҷомеа нооромиро ба вуҷуд оварда, сулҳу салоҳи ҷамъиятро халадор сохтанӣ мешаванд. Аммо халқи тоҷик, ки аз қадим дӯстдори сулҳу амонӣ аст, бо ҳам муттаҳид гашта, намегузорад, ки ҳамаи ин дастовардҳои бо ранҷ бадастовардаро душманони нохалаф бар замин яксон созанд!   

Душманони миллат набояд фаромӯш кунанд, ки дар тинати ҳар мардуми ватандӯсти тоҷик пойдории Истиқлолият, Сулҳу Ваҳдат вазифаи муқаддасу пуршарафи ҳар як тоҷикистонии баору номус аст. Аз ин рӯ, мо ба миллату давлати хеш боварии комил дорем ва халқи соҳибфарҳангу ватандӯсти мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри соҳибистиқлолии кишвар ва Ваҳдати миллӣ камари ҳиммат хоҳанд баст.

Соҳиба КАМОЛОВА,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh