СУЛҲ ПОЙДОР БИМОНАД

Тоҷикистон беҳтарин умедгоҳи ҳар пиру ҷавон аст, ки тӯли ҳазорсолаҳо шуълаи оташи Сомониёнро то ба имрӯзу оянда фурӯзон нигоҳ медорад. ҳамасола бо азму талошҳои мардуми кишвар ва роҳбарони ҷоннисораш ҳамаи соҳаҳои халқ зина ба зина такмил ёфта, обод гардид. Имрӯз кишвари офтобрӯяи тоҷиконро бо тамоми фазилату урфу одат, фарҳанг, ниёгони барӯманду фарзандони қаҳрамону ҷоннисораш дар тамоми дунё мешиносанд, зеро халқи тоҷик аз шумори миллатест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.

Мутаасссифона, нафароне ҳастанд, ки ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор ва сулҳу оромиро дар кишвар пойдор дидан намехоҳанд. Воқеаҳоеро, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои охир рух додаанд, бешак, кори ин нафарон аст. Онҳо хостанд бо истифода аз фурсати муносиб кишварро бесарусомон гардонанд. Мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мебояд, ки фирефтаи ин роҳгумзадаҳо нагарданд ва барои сулҳу субот ва Ваҳдати кишвар талош намоянд. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки кирдорҳои онҳо бар хилофи одамигарист. Таассуфовар он аст, ки аз мақсади аслии ифротгароён бехабар бархе аз мардум, бахусус ҷавонони каммаърифат фирефтаи доми онҳо мегарданд.  

Бовар дорем, ки ҷавонони ватандӯсту матинирода бо истифода аз донишу малака ва ҷаҳонбинии бохирадона дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлату миллат таҳдид менамояд, мубориза мебаранд ва дар кишвар сулҳу салоҳро таъмин месозанд.

Мухбира САЛИМӢ

Add comment


Security code
Refresh