ТОҶИКИСТОН БО БАДАХШОН МАРДИ ЯК ҶОНУ ТАН АСТ

Ин гуфтаҳои шоирона дар замири ҳар нафаре, ки ватандӯст асту меҳру муҳаббати хешро бо Модар Ватан пайванд медонад, бояд эҳсоси ифтихори миллӣ оварад. Мо, халқи тоҷик чӣ Бадахшонию Суҳдӣ, чӣ Хатлонию Зарафшонӣ, ҳама парвардаи ин замини муқаддас ва обу хоки биҳишосои сарзамини ориёием.

Аз хурдӣ дар замири наврасону ҷавонон парваридани эҳсоси ватандӯстонаю хештаншинос ва худогоҳ моро ҳидоятгари парвозҳои навин аст. Гузаштагонамон таълим медонанд, ки сулҳ муҳофизаткунандаи ҳамаи чизҳои беҳтарин аст. Сулҳ лаби пурхандаи модарон асту ҷанг ашки сӯзону нолаи ҷонгудози онҳост. Сулҳ ин сохтану бунёдкорӣ асту ҷанг сӯхтану куштан, шикастану хароб кардан аст. Сулҳ осмони софу беҳубор асту ҷанг абри сиёҳест, ки жоларо бар сари мо мерезад, ободиҳоро вайрон месозад. Меваи сулҳ ширин асту меваи ҷанг талхист. Аз сулҳ боҳ мемонаду аз ҷанг доҳ.

Худ қазоват кунед: Воқеаҳои моҳҳои охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сари мардуми ин диёри зебоманзар танҳо нотинҷию андуҳи гаронро ба бор овард. Аз паси чанд ҷавони фирефташудаву ноогоҳ аз ватану миллати хеш тамоми мардуми ин сарзамини биҳиштосо азият вақтҳои охир мекашанд. Халқ мақоле дорад, ки «тани сиҳату хотири ҷамъ – нисфи давлат» мегӯянд. Аммо имрӯзҳо ана ҳамон «нисфи давлат» - и мардуми Бадахшонро бархе аз нафарон рабудаанд. Туфайли носозгориҳо одамон наметавонанд бо хотири ҷамъ баҳри ояндаи дурахшон кору фаъолият намоянд, баҳри ободии диёру хонадони худ меҳнати шоиста дошта бошанд. Гиряи кӯдакон, изтироби падарон, нолаҳои модарони бадахшонӣ  имрӯз боиси нигаронист.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як макони муқаддас, ободу осуда, зебоманзар бадал ёфтааст. Бадахшонро ҳамагон бо номи «Дарвозаи тиллоӣ» - аш мешиносанду бо фарзандони бонангу номуси ин сарзамин ифтихор доранд.  

Аз ҷониби бархе аз гуруҳҳо, ки нияташон ҳараз дораду мехоҳанд оромии мардуми ин сарзамини кӯҳҳои сар бафалаккашидаро халалдор созанд, ба манфиати худ ва хоҷагони хориҷиашон кор мекунанд, маҳкум мекунем. Бояд дарк намоем, ки ин тоифа ҳаргиз ба манфиати халқу Ватан кор нахоҳанд кард. Ба чунин ашхос гуфтанием, ки Сулҳу Ваҳдат ҳамеша шиори мо хоҳад буд ва то миллати мо устувору пойбарҷост ба мақсадҳои нохуби хеш нахоҳед расид. Дар ин замина, мо ба иродаи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд бовар дорем ва хоҳони он ҳастем, ки бо сарҷамъию хиради воло дар пешрафти кишвари азиз саҳмгузор хоҳанд шуд.   

Мухбира САЛИМӢ

Add comment


Security code
Refresh