Нооромиҳо – кори дасти хоинони миллат

Тоҷиконро халқи ҷаҳон аз қадимулайём ҳамчун мардуми бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанду медонанд, зеро аксари бузургони илму адаб,  маҳз зодагони ин кишваранд. Маҳз дониши баланду зиракии сиёсии мардуми кишвар буд, ки тӯли 30 соли истиқлолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳи оҳан, бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург, таҷдиди хоҷагии кишоварзӣ ва дигар дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои дигари ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳимми сӣ соли Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад.

Боиси таассуф аст, ки ин ҳама сарсабзиву шукуфоии диёр, сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдилии мардуми шарифи кишварро бархе аз хоинони Ватан дида наметавонанду мекӯшанд амнияти кишварро халалдор созанд.  

Чанд вақт инҷониб оромии мардуми сарбаланду соҳибмаърифати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро афроди нопоку хоини кишвар бо суханҳои бардурӯғу амалҳои ношоиста байни сокинони осоишта нофаҳмиҳо ба миён оварданист. Ин шахсон мехостанд ҳадафи нопоки худро амалӣ кунанд.

Тавре муайян гардид ин аъмоли зишти хоинон зери роҳбарии бевоситаи саркардагони гурӯҳи экстремистӣ - террористии ТТЭҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов роҳандозӣ гардидааст.

Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳамагон маълум гардид, ки бегоҳии санаи 22 май саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич ва чанде аз ҳаммаслаконаш зимни муноқиша безарар гардонида шуданд.  

Ин шахси ҷинояткору хоин фикру ақидаи ҷавононро вайрон ва сабабгори марги чандин нафар ҷавонон гардида буд.  

Бино ба иттилои хабари расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ аъзо ва яке аз пайравони ТТЭ ҲНИ буда, бо онҳо ҳамкории зич дошта, бо маслиҳати ҳамешагии аъзоёни ташкилот Алим Шерзамонов ба нооромсозии авзои ҷомеа кӯшиш мекард.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки мардуми сарбаланди Бадахшон минбаъд баҳри шукуфоии сарзамини аҷдодӣ камари ҳиммат хоҳанд баст.  

Пурмоҳи ОЛИМӢ,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh