АЗ ҲАДАФҲОИ НОПОКИ ХОИНОН ОГОҲ БОШЕМ!

Воқеоти рӯзҳои охир, ки  дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба вуқӯъ омадаанд ҳар фарди солимфикрро ба андеша водор накарда наметавонад. Тавре аз хабарҳои расмӣ бармеояд, ба тазоҳурот даст задани як гурӯҳ афроди ҷиноятпеша вазъи минтақаро ноором сохтаву мардумро ба ташвиш овардааст.

Мо ба мардуми ВМКБ, бахусус ҷавонон гуфтанием, ки ба эҳсосот ва даъвати ашхоси ноогоҳ дода нашуда, ба ҳодисаҳои мазкур бошуурона муносибат карда, баҳои воқеӣ диҳанд.

Ҳамагон огаҳем, ки Бадахшон порае аз хоки Тоҷикистони азиз аст ва биёед баҳри тинҷиву оромии ин пораи ободи кишвар талош намоем. Ҳамзамон фаромӯш набояд кард, ки вазъи кунунии кишварҳои дигари ҷаҳон барои ҳар яки мо дарси ибрат бояд шавад. Барои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ саҳми мардуми Бадахшон басо арзанда аст. Аз ин лиҳоз бо ҳидоятҳои насли калонсоли минтақа ин дастовардҳоро ҳифз намоем. Ҷомеаи ҷаҳони имрӯз миллати тоҷикро чун ташаббускору таҳаммулгаро  мешиносанд ва ба мардуми он эҳтироми хосса зоҳир менамоянд. Мардуми сарбаланди мулки Бадахшон аз зумраи он мардумоне ба шумор мераванд, ки бо фарҳанги ба худ хос имрӯз миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд. Миллати тоҷик низ аз мардони барнодили ин мулки зебоманзар ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур, ки Қаҳрамони миллати тоҷик аст ифтихор менамояд. Аз ин рӯ ҷавонони тавонои Бадахшон пайрави ин мардони асил мебошанду барои пойдории мулки номдор тамоми ҷидду ҷаҳди худро равона карда истодаанд.

Таъкид ба маврид аст, ки дар марҳалаҳои ҳассос танҳо зиракии сиёсӣ нақши асосӣ дорад.

Аз ин лиҳоз месазад, ки боз ҳам дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муттаҳид шуда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, якпорчагии кишвар ва ваҳдати миллиро дастаҷамъона ҳифз намоем.

А. Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh