СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАРАМОНРО ҲИФЗ НАМОЕМ

Чандест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан шабакаи иҷтимоии Фейсбук наворҳое чарх задан доранд, ки аз вазъи кунуни Бадахшон ахборот медиҳад. Аз наворҳо бармеояд, ки як гуруҳ ҷавонони ноогоҳ дар маркази маъмурии ВМКБ-шаҳри Хоруғ даст ба тазоҳурот задаанд. Яқинан метавон гуфт, ки ин амалҳо кори дасти душманону бадхоҳони миллати мост ва онҳо сулҳу суботи кишвари моро чашми дидан надоранд.

Мардуми сарбаланди Бадахшон барои пойдории Истиқлолияти кишвар саҳми бориз доранд. Ман аз мардуми ин минтақа софдилонаву содиқона ва бо эҳтироми комил хоҳиш мекунам, ки аз ҳадафҳои нопоки хоинон огоҳона рафтор намоянд, фирефтаи онон нашаванд, зеро тамоми аҳолии кишвар ҳоло чеҳраи аслии ин хоинонро шинохтааст. Сулҳу суботи кишварро ҳифз намоем. Нагузорем, ки осудагии кишварамон халалдор шавад.

Хушрӯзи Ҷамолиён,

мутахассиси шуъбаи тарбияи

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh