ИҶЛОСИЯИ XVI БА ХАЛҚИ ТОҶИК СУЛҲ БАХШИД

Беҳтарин ва муҳимтарин рӯйдод баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16‐уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иҷлосия дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим ва нақши муайянкунандаро дошт. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи XVI дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, ташаккулдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ворид шуд.

28 соли умри пурбаракоти Норхӯҷа Дадохӯҷаев сарфи хизмат ба халқу ватан гардидааст. Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ӯро ҳамчун марди қавииродаву ҷасур, меҳнаткашу дилёб мешиносанд. Дар баробари ин Норхӯҷа Дадохӯҷаев дар марҳалаҳои ҳассоси кишвар дао кори ҷамъияту Ватан буду баҳри таҳкими сулҳу суботи кишвар заҳмат мекашид. Ӯ давоми солҳои 1988 то 2009 ҳамчун котиби ҷамоат ва аз соли 2009 то 2014‐ум ҳамчун Раиси ҷамоат фаъолият дошт. Ҳамчунин, дар он солҳои нооромии кишвар ин вазифаи пурмасъулиятро сарбаландона иҷро намуда, дар таъмини тинҷию оромӣ бо гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, хоса барои ҳифзи мардум ва солимии муҳити ҷомеа хизматҳои арзанда намудааст.

Ӯ зимни суҳбат аз рӯзҳои мудҳиш ва нооромии кишвар, аз ҷанги шаҳрвандии дохиливу беруна ёдовар гардида, изҳор дошт, ки иғвогарону бархе мардуми хоин ва душманони беруна ҳадафҳои ғаразноки худро аз манфиатҳои давлатӣ болотар гузошта Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба гирдоби ҷанг кашиданд. Он солҳо баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бо нишондоди душманон вазъ басо мураккабу муташанниҷ буд. Ин амал ҷамъиятро ноором намуда, бадбахтиҳои бешумор, дарду ҳасрати мардумро бештар гардонида буд. Дар назди мағозаҳо мардум барои нон соатҳо дар навбат меистоданд. Хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар роҳи қатъ кардани ҷанги шаҳрвандии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва бақои давлату миллати тоҷик нақши калидӣ гузошт. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, Қасри маданияти Арбоб дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст. Бино ба гуфти Норхӯҷа Дадохӯҷаев, кормандони ҷамоат аз санаи 15‐уми ноябр то 2‐юми декабр ҳамроҳи як гурӯҳ тарғибгарон он вақт раиси ҷамоат Иброҳимҷон Ҳомидов, раисони кумитаи маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, 47 нафар депутати ҷамоатӣ баҳри фаҳмондадиҳии дасисаҳои бардурӯғе, ки он шабонарӯз мардумро ба воҳима меандохт, хона ба хона гашта, асли воқеаро мефаҳмонидем.

Иҷлосия дар вазъияте баргузор мегардид, ки ҳолати сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ хеле муташанниҷ буду он ба руҳияи мардуми ҷамоат бетаъсир набуд. Атрофи Қасри Арбобро мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пурра иҳота карда буданд. Мардум кам будани маводи озуқавориро дида, аз фардояшон ва зиндагии оромона ноумед гашта буданд. Баъди баргузории Иҷлосия умеди калон пайдо шуд. Рафти иҷлосия ҳамеша мустақиман аз телевизиони маҳаллӣ пахш мегардид. Мардум аз телевизион чашм намеканданд, ки имрӯз гузашт, фардо чӣ мешуда бошад?! Ин савол дар фикри хурду калон давр мезад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки хизмати бузурги вакилони Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон, дар он буд, ки дар интихоби сарвари давлат хато накарданд. Яке аз хотираҳои нек он буд, ки санаи 26‐уми ноябр сокини Ҷамоати Унҷии ноҳия, омӯзгор, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Иброҳимхӯҷа Хӯҷаев барои истиқрори сулҳу Ваҳдат дар кишвар гӯсфандеро дар рӯзи оши оштӣ сар зад. Он рӯз бо иштироки Раиси навинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов, вакилони халқ ва бо тамоми иштирокдорон ба саҳни Касри маданияти Арбоб бо орзуву нияти нек даъват шуданд ва дар пеши пои меҳмонон гӯсфандро сар заданд. Ин гуфтаҳои болоиро агар мукаммалтар гуфта гузарем, мардум хоҳони сулҳофарӣ дар кишвар ва интихоби роҳбари адолатпеша буд. Гуфта метавонам, ки он вақтҳо вазъи ҷумҳурӣ, ҳолати руҳии сокинонро раиси Шӯрои Олӣ эҳсос мекарданд, ба шарофати оши оштӣ ҳама сарҷамъ шуданд ва дарди дили онон таскин ёфт. Дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”.

Хушбахтона, баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб барои хатми ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам овард ва дар пайи он ақлу хирад алайҳи ҷангу ҷаҳолат ғолиб гашта, суботи комил ба даст омад ва имсол мардуми кишвар 30 солагии Иҷлосияи тақдирсозро ботантана чун иди умумии миллат таҷлил хоҳем кард. Зеро Иҷлосия дар ҳақиқат, таърихӣ ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад.

 Муҳимтарин дастовардҳои Иҷлосияи мазкур — ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз Норхӯҷа Дадохӯҷаев ҳамчун муовини раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти пурсамар дорад. Ҳамеша иброз медорад, ки вазифаи ҳар фарди ҷомеа он аст, ки баҳри оромӣ ва ҳифзи дастовардҳои кишвар саҳмгузор бошад. Шукргузор аз он аст, ки тайи 31 соли Истиқлол сулҳу Ваҳдат пойдор шуд, сатҳи рӯзгори мардум зина ба зина пеш рафта, мардум дар шароити хубу замонавӣ ва орому осуда зиндагии шоиста доранд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh