ШУКР ГӮЕМ, БА ЧУНИН ДАВЛАТИ ОБОДУ БО СУЛҲУ СУБОТ…

Аслан ҳар фарди солимақл ба Худованди меҳрубон илтиҷо мекунад, ки чор неъмати бардамиро (ишкели бутунро) ба ӯ арзонӣ дошта бошад: якум дасти гиро, дуюм пои равон, сеюм чашми бино, чорум гӯши шунаво. Чунин неъматҳои бардамӣ агар фардро муяссар нагардад, як умр ғусса мехӯрад, ки кадоме аз онҳоро ба ӯ муносиб надидаанд…

Баробари чунин заруртарин самтҳо мо давлати ободу зебои нисбатан ҷавоне дорем, ки рӯз аз рӯз боз ҳам ободтару шукуфотар гардида, ин хонаи умеди мо ба чашми ҷаҳониён аёнтар гардида истодааст. Саҳму нуфузи оламшумули кишвари биҳиштосоямон ба чашми ҷаҳониён намоёнтар гардида, ҳар фарди соҳибхиради олам бо дидаи нек нигариста, бо фараҳмандӣ меафзояду орзуи дидани онро мекунад. Имрӯзҳо кишвари овозадори тоҷик яке аз мамлакатҳои пешқадам ва ислоҳотгарои Осиёи Марказиву тамаддуни ҷаҳонӣ аст, ки чанд пешниҳоду ташаббусҳояш ба оламиён писанд омада, барои боз ҳам хубтару беҳтар зиндагӣ кардани аҳли башар қабул карда шудааст.

Ҳоло дар қисми муайяни курраи замин муноқишаву дасисаҳо ривоҷ ёфта, бо сабаби сар задани ҷангу ҷидолҳои зиёд кишварашон ноорому мардумони зиёд ҳалок гардида истодаанд. Қисме аз мардумони Аврупо фирефтаи дасисаҳои беасос гардида, ҷони худро дар корзори Украина бохта истодаанд. Мо аминем, ки давлати абарқудрати Россия, шарики стратегии кишвари мо Путин ҳақро ба ҳақдор расонида, адолатро дар минтақаҳои ноором таъмин менамояд.

Мо ва хусусан насли ҷавони ҷомеа ба қадру қимати давлати пурамну осоиш расида, барои таъмини чунин осудагӣ бо дасту дили кушод, бо матонату истодагарӣ чун фарзандони далеру шуҷоъ ба хизмати Ватан – модар камар баста, дар давоми муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ барои таъмину осоиши худ, падару модари худ омодагӣ гирифта, дар тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи кишвари ҷоноҷонамон саҳмгузор бошем.

Кенҷаев Ю.
– и.в. мудири кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh