Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

12 август Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нави Маркази адлия дар шаҳри Гулистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ва сохторҳои он бунёд карда шуд. Корҳои сохтмонию бинокории бинои маркази адлия дар шаҳри Гулистонро ҶДММ «Чашма»-и шаҳри Панҷакент бо сифати хуб ба иҷро расонидааст.

Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум равзанаи ягона, китобхона бо гирд овардани китобҳои нависандагони маъруфи тоҷик ва дастурҳои соҳавӣ, утоқи кории кормандону мутахассисони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Гулистон, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории нотариусони давлатӣ ва толори ақди никоҳ ҷой дода шудаанд.

Зимни шиносоӣ бо имконияти фароҳамоварда барои фаъолият ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бинокориву сохтмонӣ баҳои хуб дода, таъкид намуданд, ки кормандону мутахассисони мақомоти адлия бояд дар самти татбиқи босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хизматрасониҳои саривақтиву босифат ба аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи одобу маърифати оиладорӣ саҳм гузоранд.

Add comment


Security code
Refresh