Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ҷангҷӯй набуду нест!

Тайи ду рӯз аст, ки миёни сарҳадбонони қирғизу тоҷик муноқишаву нофаҳмие рух додааст, ки ин вазъ ҳарду ҷонибро ба ташвиш овардааст.

Бояд тазаккур намуд, ки аз рӯи тамоми далелҳои таърихиву сиёсӣ халқи тоҷик то ин дам бо ягон халқу миллате муноқишаву ғараз надошту надорад. Вале чун ҳамеша аз ҷониби бародарони сарҳадбони қирғиз аҳдҳои басташуда мешиканаду муносибатҳои ҳамсоядорӣ дубора хароб мегардад.

Модари тоҷик то кай шермардони хешро талаф медиҳад? То кай мардуми бегуноҳи  Исфараву, Бобоҷон Ғафуров бо тарсу ҳарос сарашонро ба болин мегузоранд? Ин магар аз рӯи инсонист? Хуни шаҳидони Ватанро, нақшаҳои палидонаи қирғизро то кай таҳаммул мекунем. Ба ҳарду тараф маълум аст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша ҷиҳати муносибатҳои дӯстию бародарӣ ва роҳи гуфтушунидро пеша мекунад.

Хуб мешуд, ки ҷониби  Қирғизистон низ амиқан андеша кунад, чун ин муноқиша бар нафъи касе нахоҳад буд.

Суман Ҳомидова,

 сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh