Ҳеч чиз муқаддамтар аз сулҳ нест!

Ватан вожаи муқаддас аст ва ҳимояи марзу буми он қарзи фарзандист, имрўз қаҳрамониҳои фарзонафарзандони диёрро мебинаму ифтихор аз ин иттиҳод мекунам. Воқеан миллати тоҷик ҳеҷ вақт ҷангҷу набуду нест, аммо тайёр аст барои пораи хоки Ватан, барои ҳимоя модару фарзанд  бархезад.

Ҳаводиси чанд рўзи охири марз ва даргириҳои сарҳадбонони тоҷику қирғиз, ки мутаассифона, аз ҳарду ҷониб ҳам талафоти ҷонӣ дошт, як бори дигар собит месозад, ки ҳеч чиз муқаддамтар аз сулҳ нест.

Оини ҳамсоядорӣ тақозо дорад, ки дар фазои сулҳу дўстӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулпазирӣ ҳамзистӣ дошта бошем.

Аммо ҳамсояҳои қирғиз ин анъанаи неки гузаштагон моро пушти по зада даст ба силоҳ мебаранд ва оташи ҷангро аланга медиҳанд. Баъд аз эълони оташбас, дубора ҷониби Тоҷикистон тир кушодани сарҳадчиёни қирғиз моро ба андеша водор месозад, ки ҳукумати Қирғизистон аз пайомади аҳдшиканиҳои хеш андеша мекунад ё не? Ҷанг ба ҷуз бадбахтӣ, қашоқӣ, душманиву кинаву адоват чизе дар бағал надорад, ин нуктаро мо хурду бузирги ҳар ду кишвар бояд ҳамеша дар зеҳни худ дошта бошем. Умедворам хиради инсонӣ ва гумманизм ғалаба мекунад ва мо муаммоҳои ҷойдоштаро фақат тариқи гуфту шунид ҳалу фасл мекунем.

Сурайё Ҳакимова

Add comment


Security code
Refresh