Таъсири экстремизм ба ҷомеа

Вазъи геополитикии ҷаҳони муосир, вазъияти минтақаҳои гуногуни олам метавонад, на танҳо ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми мо, балки ба аксари мамолики тараққиёбанда ва ё ақибмонда таъсири басо калон расонад. Ифротгароии миллию мазҳабӣ ва ривоҷ ёфтани терроризму экстремизм дар даҳсолаи охир аксари сиёсатмадорони ҷаҳон ва инсонҳои ба сиёсатшиносию ҷомеашиносӣ машғул ва мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст.

Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Ин қонун терроризм ‐яъне зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеӣ маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.

Солҳои охир фаъолияти террористӣ ва экстремистии созмонҳои алоҳида таъсири манфии худро ба вазъияти ҷамъиятию сиёсии давлатҳо мерасонанд. Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилотҳо террористӣ ва ё экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм бевосита ба амнияти Тоҷикистон ва дар маҷмўъ Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Дуруст иҷро гардидани нуктаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” яке аз пешгирӣ намудани сарчашмаҳои наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурўҳҳои ифротӣ мебошад.

Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти таҳрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ‐экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, мебошад. Ғайр аз ин гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ‐террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҷавонони ҳанўз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккулнаёфта, роҳгум мезананд...

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Омўзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ ҳадафҳои ифротиёнро фаҳмонда диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби мавзўънок бедор намоянд. Ташкил намудани конференсияҳои тематикӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои қайдгардида дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад.

Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар фарди ватандўст, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Райҳона РАҲМАТУЛЛОЕВА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh