БА ТАҚДИРИ ҶАВОНОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ

Аз рӯзҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расид, солҳо сипарӣ гардид. Ин қонун дар байни ҷомеа мавриди андеша ва муҳокимарониҳои зиёд гардид. Яке мавҷудият ва амали  қонунро қабул кардаву дигаре андеша дошт, ки бе он ҳам то кунун тавонистем насли ояндасозро тарбия намудем.

Мутобиқи моддаи ҳаштуми Қонуни мазкур падару модарон уҳдадор карда мешаванд, ки фарзандонашонро аз иштирок дар муассисаҳои динӣ, ғайр аз кӯдаконе, ки дар мактаби махсуси динӣ таҳсил менамоянд, манъ намоянд. То ин вақт садҳо падару модар барои риоя накардани  талаботҳои ин қонун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Зеро вазифаи аввалиндараҷаи падару модарон пеш аз ҳама, тарбияи дурусти фарзандон ва аз роҳи нодуруст баргардонидани онҳо мебошад.  Наврасону ҷавонони моро мебояд, ки бо шукргузорӣ аз замони осоишта ва сулҳу суботи кишвар фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нагардида, бо омӯхтани илму дониш машғул шаванд. Барои пешгирии зуҳуроти номатлуб пеш аз ҳама, маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавононро баланд бардошта, муқаддас будани Ватан-Модар, сулҳу субот ва арзишҳои миллиро ба онҳо фаҳмонидан зарур аст. 

Гуфтан ҷоиз аст, ки  Террорист ватан, миллат, мазҳаб надорад ва аз ин рӯ, мубориза бар муқобили экстремизм ва терроризм фароҳам офардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мекунад.

Ба андешаи банда сабабгори сар задании амалҳои номатлуб ин пеш аз ҳама, паст будани маърифат ва дониши ҷавонону наврасон мебошад.  Зиёда аз ин падару модаронро мебояд, ки ҳамеша аз ҳоли фарзандони раҳдурашон, ки дар муҳоҷирати меҳнативу таҳсил қарор доранд, бохабар бошанд, нисбат ба онҳо бепарвоию ғофилӣ накунанд.  ҳамеша ҳушдор диҳанд, ки  ба ягон равияи ифротӣ ва шахси ношинос бовар накунанд, барои маблағи ночиз ва бе дарди миён худро ба доми хоҷагони хориҷӣ наафкананд, роҳи дурусти зиндагиро интихоб кунанд.  Аз ҷиҳати дигар ҳар фарди ҷомеаро мебояд, ки нисбат ба тақдири ҳар шахс бетарафӣ зоҳир накарда, дастҷамъона бобати эмин доштани фарзандонамон аз амалҳои номатлуб кӯшиш намоем, бешак метавонем,  хатари шомил шудани ҷавононро ба гӯрӯҳҳои ифротӣ пешгирӣ намоем.

Шукрона ШАРИФӢ

 

Add comment


Security code
Refresh