Пешгирии зуҳуроти номатлуб

Солҳои охир дар ҷомеаи ҷаҳон созмонҳои гуногуне арзи ҳастӣ намудаанд, ки дар вайрон намудани тафаккури ҷавонон, ҷалби онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, таблиғи фарҳанги бегона машғул ҳастанд. Онҳо бо ҳар усул кӯшиш менамоянд, мардуми кишварро гумроҳ сохта, ба сохти давлатдории мо рахна зананд. Аз ин рӯ, имруз моро лозим аст, ки ба тарбияи наврасону ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир намуда, баҳри пешгирии онҳо аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, терроризм, экстремизм ва тундгароӣ корҳои зиёде ба сомон расонем.

Ҷомеаи моро зарур аст, ки имрӯз барои пешгирии омилҳои номатлуб ва воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни мардум, тавсеаи мафкураи миллӣ, рушди иҷтимоиву сиёсии ҷумҳурӣ, таҳкими иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар барои ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлат, мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ба тадбиқи давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи бештар дошта бошад.

Дар ин ҷода қабл аз ҳама, пешгирии роҳи тавъам сохтани миллати мо бо миллатҳои наздик ва мазҳаби динии мо бо мазҳаби дигари исломӣ, ки онро ҳамчун василаи фиреби наврасону ҷавонони мо ва бегонашавии онҳо истифода мекунад, зарурат дорад. Зеро тавре ки маълум аст, авҷи терроризм имрӯз дар баъзе минтақаҳои олам дар баробари сабабҳои иқтисодӣ доштан ва бозиҳои геополитикии абарқудратон марбут будан, ҳамзамон, сабабҳои дигаре низ дорад, ки одатан ба муборизаҳо байни мазҳабҳои исломӣ ва амсоли он мекашанд.

Яъне роҳи асосии пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ ва тундгароӣ ташвиқу тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури миллӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо дар сурати чунин тарбия намудани насли нави миллат мо метавонем ба ояндаи осоишта, ба кишвари озоду обод, ба Ватан мардумаш дар ваҳдату ягонагӣ ва зиндагии шоиста эътимоди комил дошта бошем.

Фароғат Ашӯрова,
сокини шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh