Саҳифае аз дарси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
- Details
- Published on Thursday, 19 January 2023 13:46
Солҳои 90 уми асри гузашта, дар вазъияти басо мураккаб, ки хавфи бевоситаи аз байн рафтани якпорчагии Тоҷикистон ба миён омада буд, даъват ва баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ва аз вартаи бўҳрони сиёсӣ баровардани кишвар вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт.
Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ гардид. Барои барҳам додани низоъю мухолифат, таъмини оштии миллӣ, муайян намудани асосҳои ҳуқуқии дигаргуниҳои куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷикон, ки зарурати қабули қонунҳои нав, шаклу воситаҳои нави танзими одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ба миён омада буданд, Иҷлосия ба таҳия ва қабул гардидани Қонуни асосии кишвар замина гузошт. Бинобар ин, санадҳои қабул намудаи ин иҷлосияи таърихӣ барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти мамлакат, ваҳдати миллӣ замина гузошта, дар кишвар ба раванди созандагию бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои аслии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд.
Таҳия ва минбаъд дар райъпурсии умумихалқӣ (06 ноябри соли 1994) қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги таърихии мардуми Тоҷикистон, заминаи боэътимоди ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ гардид. Мардуми Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд, ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардиданд.
Имрўзҳо мо дар арафаи ҷашни солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бинобар ин, ба ин саҳифаҳои тақдирсоз бори дигар назар мекунем ва ба нақши таърихиву сиёсии онҳо дар сарнавишти кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон баҳои арзандаю муносиб медиҳем. Ин саҳифаҳои таърихӣ барои наслҳои имрўзаву оянда бояд саҳифаҳои дарси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гарданд.
Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ