ХИЁНАТ БА ВАТАН БАХШИДА НАМЕШАВАД!

Мафкураи ҷомеа ченаки воқеии ҳаракату амалҳои фард ё гурӯҳи фардҳоро бо далелҳо баҳодиҳӣ менамояд ва натиҷаи онро мебояд чӣ тавре, ки набошад пазируфт. Зеро, мафкураву маънавиёти ҷомеа давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтаву хотираи қавии таърихиро доро мебошад.

Вале, тӯдаи муайян аз дарки воқеияти замона мегурезанду худро саҳифаи нави мафкураи ҷомеа шинохтанӣ мешаванд. Ақлу заковати казоӣ доранду гўё метавонанд дар пешрафти ҷомеа нақше гузоранда. Ҳол он, ки хонашеру майдонғарибанду ғайр аз сафсаттаю бӯҳтон дар кӯлвори худ бори дигар надоранд. Ҳатто ин моли кӯлворашон низ маҳсули хоҷагони маблағгузори ҳориҷиашон аст. Мисоли аёну возеҳи чунин тӯдаи раҳгумзадагон ТТЭ ҲНИ аст. Ин тоифа ҳамчун чуғзи бадовоз гуфтаҳои хоҷагонро баҷо меоваранду дар майнаашон ғайр аз ин амал чизе нест.

Мардуми ориятбаланду бономуси кишвари биҳиштосо Тоҷикистони соҳибистиқлол шукронаи ватандорӣ мекунанду бо ваҳдату сарҷамъӣ, якдилӣ сиёсати ҳирадмандонаи роҳбарияти олии худро ҷонибдорӣ менамоянд ва ақидаҳои ифротии ТТЭ‐ро қотеъона маҳкум мекунанд.

Хуб медонанд, ки заҳмати осоишта баҳри созандаю бунёдкорӣ беҳтарин неъмат аст ва бо иродаи матину устувор барои ҳифзи арзишҳои кишвар омодаанд.

М.СОБИРОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh