Партави некон нагирад, ҳар ки бунёдаш баъд аст...
- Details
- Published on Thursday, 26 January 2023 11:27
Он кӣ бошад бадсиголу бадсиришт,
Дар сар аст ӯро ҳазорон хӯи зишт.
Мардуми шарифи Тоҷикистондар бораи саргузашти бешарафонаи Муҳаммадиқболи Садриддин, бадахлоқӣ ва ҳаромхӯрии падараш Садриддин Қаландаров ва худи ӯ ва дар умум, тақдири ин оилаи носолим ва аз одаму одамгарӣ дур ба хубӣ шинос аст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз душманони миллати тоҷик – хиёнаткорони ватан барои ба даст овардани обрӯву эътибор ва бо паҳн кардани шиорҳои бардурӯғ дар кишварҳои аврупоӣ машғул мебошанд, вале муссалам аст, ки онҳо ба мақсадҳои нопоки худ ҳеҷгоҳ намерасанд.
Аз зумраи чунин ашхосон Муҳаммадиқболи Садриддин- хоини ватанфурӯш, риёкор ва дузду мутаҳҳам аст. Ӯ пеши худ мақсад мегузорад, ки дар ҳаққи кӣ тӯҳматнома нависад. Ӯ банди нафсу пулҳоихоҷагони хориҷӣ шуда, вазифааш аз субҳ то шом гирд кардани ахбори бардурӯғ ва санги маломат задан ба сари ин ё он нафар аст. Ботини ӯ пур аз бухлу ҳасуд аст. Маҳз ҳасудхӯриаш, нодида гирифтани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз ба бешарафӣ ном баровардааст. Аммо яқин, ки ӯ ба хотири манфиатҳои хешу дӯстонаш миллати худро кайҳо фурӯхтаааст. Яке аз сомонаҳои ташкилоти террористии наҳзатӣ маҳз ба туҳмат кардани роҳбарону шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон ва бадномсозии мақомоти давлатӣ равона мебошад. Албатта, ин вазифаро дар назди ӯ саркардаи террористони наҳзатӣ ва хоҷаҳои хориҷиаш гузоштаанд. Амали мазкури нангинро ин палиди касиф бар ивази чанд пули ҳароме анҷом медиҳад, ки чунин тарзи рафтор хосси оқипадарон аст.
Дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд.
Ҳодисаву воқеаҳои ҷахонӣ имруза ҳар яки мо тоҷикону тоҷикистониёнро ҳушдор медиҳанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба густариши ҳисси баланди худогоҳиву худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот дар кишвар ҳиссагузор бошем.
Малика Томирис
- таҳлилгар, омӯзгор