Бешарафии М.Садриддин

Барои халқи тоҷик ҷанги шаҳрвандӣ як дарси ибратомўз буд, ки хеҷ гоҳ аз хотираҳоямон фаромўш нахоҳанд шуд. Мардуми тоҷик намехоҳад, ки дубора ба доми найрангу фиреби шахсонихоин ба мисли Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин гирифтор шаванд. Ягон терррорист наметавонад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиклол ва ободу зебо нақшахои нопоки худро амали намояд, зеро мардуми шарафманди тоҷик имконият намедиҳанд, ки чунин шахсон дар Тоҷикистон кор ва фаъолият намоянд.

Муҳаммадиқболи Садриддин бо баробар пайрави кадан ба ин хизби ифротгаро ў як умр аз хотири мардуми тоҷик ва насли оянда, хамчун хоин ва ватанфурўш нақш хоҳанд баст. Ин ашхос ба гузаштаи хеш ва давлату миллат иснод меоваранд. Зеро аз рўзҳои аввали фаъолияташон ин хоинони Ватан ҳамеша бадандешиву бадниятиро дастури худ қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хоҷагонашон мунтазам фаъолият мекарданд. Маҳз бо чунин андешаҳои ғаразноки хеш онҳо бори дигар мехостанд мардумро гумроҳ карда дар ҷомеа кинаву адоватро паҳн намоянд. Чунин шахсон таёранд, ки бо маблағҳои ҳоҷагони хориҷии худ дар Тоҷикистон дилхоҳ супоришу ҳадафҳои нопоки сарпарастонашонро иҷро намоянд, ҳатто таёранд Ватан, модарбарин арзишҳоро ба маблағҳои сарпарастонашон фурўшанд.

Дар шароити хуби имрўзаи рўзафзун фазои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Хушбахтона имрўз дар байни сокинони кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки танҳо давлати дунявию демократӣ метавонад муносибатҳои диниро ба танзим даровардароҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад.

Вазъияти ногувори амният дар ҷахон фаъолиятҳои гурўҳи ифротгароию террористӣ такозо менамояд ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори кишвари азизамон саҳми худро гузорем.

Барно Умарова

Add comment


Security code
Refresh