ЗИРАКИИ СИЁСӢ ДОШТА БОШЕМ
- Details
- Published on Thursday, 02 March 2023 16:32
Дар замоне, ки мо зиндагӣ мекунем, давлатҳо мустақилу соҳибихтиёр ҳастанд, низоми идоракунии демократиро пеша намудаанд, ҳуқуқҳои инсонро арзишӣ олӣ меҳисобанд. Имрӯз зиддияти иттилоотӣ, ноором сохтани вазъи сиёсии давлатҳои алоҳида, ба тарсу ҳарос андохтани одамон, бо паҳн кардани маълумоти таҳрифшуда ба шубҳаву гумон бурдани шаҳрвандон содир намудани амалҳои террористӣ идома дорад, ки хатар ба амнияти ҷомеа аст.
Таҷриба нишон медиҳад, ки абарқудратҳо имрӯз бо тиру туфанг ошкоро ҷанг намекунанд, балки яроқи асосии онҳо шахсони дуруя, ифротӣ, зудбовар мебошанд, ки онҳоро солҳои сол хоҷагони хориҷӣ бар зидди давлату сарзамини худашон ҳамчун душмани тайёр мекунанд. Дар оғози истиқлолияти давлатӣ ба ҷумҳурии мо низ абарқудратҳо чунин нақшаҳо кашида, хостанд бо истифодаи ТТЭ ҲНИ мардумро гумроҳ, созанд. Ин ҳизби имрӯз мамнӯъ бо иловаи калимаи “ислом” фиреб додани мардумро идома дода, ҳатто баъди баста шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ хиёнатҳои худро пинҳонӣ идома бахшида истодаанд.
Ҳар як фарди солимақл, бонангу бономуси миллати тоҷик, хусусан ҷавононро зарур аст, ки ба суханони ин фурухташудаҳо бовар накунан Беҳуда нагуфтаанд, ки ба хиёнаткор бовар кардан нашояд. Ҳар сухане, ки аз забони ин разилон садо медиҳад, ба ҷуз дурӯғ, туҳмат ва иғво чизи дигаре нест. Аз номи дини мубини ислом сухан мекунанд, аммо намози онҳо, мусалмонии онҳо ва одамият будани онҳо дурӯғ аст, чунки мақсади нопок доранд.
Гурдофариди Рустам,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров