МАРДУМ ДИГАР БА ИҒВО ФИРЕФТА НАХОҳАНД ШУД

Дирӯз  барномаи навбатии иғвогароёнаи ТЭ “Гуруҳи 24” тариқи шабакаи иҷтимоӣ паҳн карда шуд.

Ин барнома бо мақсади паҳн намудани фикру ақидаҳои нопоки худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ омода гардида, дар он факту далелҳои беасос бо мақсади таъсир расонидан ба маънавиёти ҷомеа ва ба ин Имруз мардуми кишвар ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итминони комил дорад ва ба иғвову дасисаҳои ин хоинони миллат ҳеҷ гоҳ фирефта нахоҳад шуд.

Шумо хоинони миллат бояд инро худ дарк намоед ва вақти худро беҳуда барои ноором сохтани ҷомеа бо овардани факту далелҳои беасос сарф накунед.

Мардуми бофарҳангу бомаърифати миллат ҳеҷ гоҳ ба суханҳои иғвогароёнаи шумо бовар нахоҳанд кард. Зеро имруз кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Имруз Тоҷикистон ба як кишвари дар ҳақиқат пешрафта табдил ёфта,  камбудиҳо давра ба давра аз байн рафта истодаанд.

Шумо хоинони миллат онро дарк намоед, ки мардуми тоҷик ҳамеша сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд ва барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта паҳлу ба паҳлу истода, аз як геребон сар мебардорад ва Тоҷикистон аз ин ҳам пешрафта хоҳад шуд. 

Ш.ШАҲОБИЁН,
 устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Add comment


Security code
Refresh