Ақидаҳои беасос нисбати кишвари мо ин аз рӯи инсонигарӣ нест!
- Details
- Published on Thursday, 02 March 2023 16:34
Воқеаҳои солҳои 90-уми карни гузашта исбот намудааст, ки ба сулҳу Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст мардуми шарафманди тоҷик.
Бояд қайд кард, ки дар шароити имрӯза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кӯшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд.
Бояд халқи тоҷик аз дастовардҳои даврони истиқлолият баҳра баранд онро ҳифз намоянд, муқаддас шуморанд, новобаста аз он ки дар дохили Тоҷикистон ё ин ки берун аз он қарор доранд.
Аз ин навор бармеояд, ки дар ҷамъияти мо шахсоне ҳастанд, ки худашонро ѓамхори халқ меноманду аз хориҷа истода, нисбати давлату ҳукумат суханҳои беасос мегӯянд. Ин кори нодуруст мебошад, зеро ақидаҳои беасос нисбати кишвари мо ин аз рӯи инсонигарӣ нест.
Шаҳнур