ҶАВОНОНРО БОЯД АЗ ХАТАР НИГОҲ ДОШТ
- Details
- Published on Thursday, 09 March 2023 08:16
Замони муосир барои ҳар як халқу миллат падидаҳои шадиди иҷтимоиро рӯ ба рӯ месозад. Ҳодисаҳои нангини ифротгароӣ имрӯз дар тамоми олам доман паҳн намуда, ҳамаро ба ташвишу таҳлука овардааст.
Моро зарур аст, ки пеш аз ҳама барои пойдории давлати демократиамон, ки кафолати озодиву ободии моро таъмин менамояд, талош варзида бошем. Онҳое, ки мехоҳанд ҷонибдору пайрави мухолифон гарданд, ободии Ватанро намехоҳанд ё дида наметавонанд.
Бо шукргузорӣ аз чунин давлати мутамаддин, соҳибистиқлолу ягона ва дунявӣ иброз менамоям, ки бояд ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ рӯ ба сӯи ояндаи дурахшон намоянд. Зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистон маҳз дар дасти насли фардои диёрамон аст. Агар ҳамаи мо дастҷамъона барои ободии кишвари худ саҳми сазовори хешро гузорем, пас Тоҷикистон ба биҳишти рӯи замин мубаддал хоҳад гашт. Вагарна аз беэътиноии мардум халқ метавонад, ба вартаи ҳалокатбор омада расад.
Маълум аст, ки тамоми олам имрӯзҳо дар талотуми шадиди нофаҳмиҳои марзию миллӣ қарор гирифта, халқро ба таҳлука оварда истодаанд. Моро мебояд, ки дар ҳамин вазъияти муташанниҷи олам зиракии сиёсии худро аз даст надода, барои ҳифзу ҳимояи якпорчагии миллатамон талош намоем.
Холиқ МИРХОЛИҚОВ,
устоди ДПДТТ