Саг аккос мекунад, корвон пеш меравад
- Details
- Published on Thursday, 09 March 2023 15:05
Санаи 18 феврали соли равонбарномаи навбатии иғвогароёнаи “Садои мардум”, ки аз ҷониби ТЭ “Гуруҳи 24” омода ва тариқи шабакаи иҷтимоӣ паҳн карда мешавад нашр гардид. Ровии ин барнома яке аз фаъолони ин гуруҳ Беҳруз Тағойзодаи хоини миллат, ватанфуруш мебошад.
Ин барнома бо мақсади паҳн намудани фикру ақидаҳои нопоки худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ омода гардида, дар он факту далелҳои беасос бо мақсади таъсир расонидан ба маънавиёти бинанда ва ба ин васила бедор намудани муносибати душманона ва бадбинӣ нисбати сиёсати имрузаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудаанд.
Имруз мардуми кишвар ба иғвову дасисаҳои ин хоинони миллат ҳнҷ гоҳ фирефта нахоҳад шуд.
Шумо хоинони миллат бояд инро худ дарк намоед ва вақти худро беҳуда барои ноором сохтани ҷомеаи бо овардани факту далелҳои беасос сарф накунед.
Мардуми бофарҳангу бомаърифати миллат ҳеҷ гоҳ ба суханҳои иғвогароёнаи шумо бовар нахоҳанд кард. Зеро имруз кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Имруз Тоҷикистон ба як кишвари дар ҳақиқат пешрафта табдил ёфта,камбудиҳо давра ба давра аз байн рафта истодаанд.
Шумо хоинони миллат онро дарк намоед, ки мардуми тоҷик ҳамеша сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд ва барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта паҳлу ба паҳлу истода, аз як геребон сар мебардорад ва Тоҷикистон аз ин ҳам пешрафта хоҳад шуд.
Шаҳобиён Ш.
– устоди ДДХ