Ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати ислом яке аз иллатҳои соҳибистиқлолӣ

Истиқлолият бузургтарин неъматест, ки баъди интизориҳову ноумедиҳо барои миллати шарифи мо муяссар гардидааст. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки дар як муддати хеле кўтоҳ мамлакати мо пешрафт кунад. Мо тавонистем, ки он мероси аз ниёгон ба мо мондаву аз хотираҳо фаромўш шударо дубора зинда гардонем.

Аммо баъди пойдор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон боз хоинон ва хоҷагони ҳизби наҳзати ислом пайдо шуданд, ки Тоҷикистон  солҳо дар оғўши худ парваридааст.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳизби наҳзати ислом соли 1991 дар Ҷумҳурии Афғонистон ва баъдан бо дастгирӣ ва пайгироии сарвари давлатамон баъди истиқрори сулҳ соли 1997, аз 28 сентябри соли 1999 дар Ҷумҳурии мо Тоҷикистон низ ташкил карда шуда буд.

Лекин аз ҷониби ҳизби мазкур нисбати давлати сохибихтиёрии мо халалдорӣ пайдо намуда,  6 соли охири фаъолияти ҳизби мазкур аъзои он ҷиноятхои вазнин ва махсуссан вазнинро содир кардаанд. Мақсади фаъолият намудани ин ҳизби мазкур муайян гашт, ки даъватҳои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, халалдор сохтани сиёсати ҷамъиятӣ ва аминияти давлат мебошад. Маврид ба ёдоварист, ки маҳз шурўъ аз соли 2010 тавассути рўзномаи «Наҷот» низоми диниро нашр намуда, бар зиддӣ сохти конститутсионӣ нашрҳои бисёр аз чоп мебаромаданд. Бо ин амалҳои худ мехостанд барои сарнагум сохтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш карда, онро халалдор созанд.

Мутобиқи моддаҳои 8 ва 30 Конститутсия муқаррар гардидааст, ки дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки  нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои ба зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва  ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Мувофиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Ҷавонони замони муосир доир ба худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарастиро хуб дарк карда қавиирода мебошанд.

Бинобар гуфтаҳои боло, қайд кардан ба маврид аст, ки мардум ниёз ба маслиҳатҳои роҳбарони ТТЭ ҲНИ надорад.

Кабирзода Г.Қ. 
–  муаллимаи калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh