Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир
- Details
- Published on Thursday, 20 July 2023 12:43
Ба санаи тақдирсози таърихи навини халқамон, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол шуд. Ин марҳалаи на чандон тӯлонии таърихӣ бори дигар нишон дод, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд, бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро бунёд намоянд.
Ин дастоварди бузурги таърихӣ — Ваҳдати миллиро гиромӣ дорем, онро эҳтирому эҳтиёт кунем, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошем ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дӯст дорем.
Мутаассифона, дар шароити муосири рушди ҷомеа дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ, ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст. Рӯз аз рӯз доираҳои ташкилоту созмонҳои экстремистӣ рӯ ба афзоиш аст.
Дар давраи ҳозира, мутаассифона, дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст. Дар айни замон терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Аз ҳама ташвишовараш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда, ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд.
Дар ҷомеаи кунунӣ бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби ноогоҳӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибат-ҳои нохуши шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд.
Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд.
Ба онҳо собит намоянд, маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд, аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.
Ҳамзамон бо ин ҳамкориро бо мактабу муассисаҳои таълимӣ ва мактабҳои олӣ тақвият бахшанд, барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро фароҳам созанд.
Ҷавононе, ки на саводи динияшон мукаммал асту на дунявиашон, аксаран гирифтори марги ноҳақ мегарданд. Онҳо ба каме ваъдаҳои бепоя ҷони худро ба хатар мегузоранд.
Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд. Ҳамаи мо сиёсати ҳукуматро дастгирӣ намуда, барои ҳимояи Ватани худ аз таъсири манфии амалҳои номатлуб саҳм гузорем.
Зебо ВОҲИДОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон