Марhҳилаи аввали инкишофи ифротгароӣ – радикализм аст
- Details
- Published on Thursday, 27 July 2023 14:31
Марҳилаи аввали инкишофи ифротгароӣ – радикализм буда, он ҳам падидаи манфӣ ба шумор меравад. Ҷавонон, ки аксар вақт таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд, дар доираи танги ҷаҳонбинӣ мемонанд ва барои амалӣ гаштани мақсадҳояшон ба ҳама кор розӣ мешаванд, яъне онҳо қонунҳои иҷтимоӣ, андешаҳои мухолифонашонро эътироф намекунанд ва мехоҳанд, ки ҳарчи зудтар ғояҳояшонро амалӣ кунанд. Бино бар андешаи профессор Ҷӯразода Ҷамшед “радикалҳо дар кишварҳое, ки дар онҳо гузариши сиёсӣ ба амал меояд, зуд зуҳур мекунанд. Онҳо барои расидан ба мақсадҳои худ тариқи расонаҳои хабарӣ, матбуот ва ғайра андешаҳои якравонаи худро тарғиб мекунанд. Аз ин рӯ, қувваҳое ҳам ҳастанд, ки аз чунин ҳолати равонии ҷавонон истифода бурда, барои амалисозии ғаразҳои нопоки худ корбарӣ мекунанд”.
Дар қатори дигар кишварҳои олам дар замони муосири тоҷик сабаби асосии даст задани ҷавонон ба ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дигар гуруҳҳои ифротӣ аз тарбияи нодурусти фарзандон дар оила, паст будани сатҳи дониши диниву дунявӣ, гумроҳшавӣ, побанди молу мулк, таъсири бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, беаҳамиятӣ ва беназоратии падару модар боис ба доми ифротиён афтодани онҳо гардида истодааст. Зуҳур ва фаъолияти чунин ҷавонон ба давлат ва оила ягон манфиате нест. Зеро онҳо хиёнат ба ватану миллат, падару модар ва оилаи худ мекунанд.
Бобоҷони Хайриддин,
ҷомеашинос, устоди ДДХ