ХИЁНАТ АМАЛИ НОБАХШИДАНИСТ
- Details
- Published on Thursday, 05 October 2023 15:37
Дар олам ҳамаи фардҳо дар зиндагии худ амалҳои гуногуне содир менамоянд, ки аҷру савоби онҳо аз ҷониби Офаридгор сазовори мукофоти муносиб мегардаду ҷавобгӯи меъёрҳои ҷомеаи инсонӣ будани амалҳои фардро масъулини давлатдорӣ аз ҷиҳати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ҳоказо баҳо медиҳанд. Баъзе амалҳои ноҷояро гар бо адои ҷазову ҷарима ислоҳ карда шавад ҳам, ҳастанд кирдорҳое, ки нобахшиданӣ! Дар қатори ин амалҳои мудҳиши ҷиноятӣ хиёнат ба ВатанМодар дар мавқеи аввал меистад, зеро ба мавҷудияти давлату миллат хатару таҳдид ба вуҷуд меоварад.
Мутаассифона, то ҳанӯз дар ҷомеаи осудаву ором, ободу созанда, сарсабзу бунёдкори мо баъзе нафаронеро метавон вохӯрд, ки бо сабаби бетамизиву кӯтоҳандешӣ, маърифату фарҳанги паст қадри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамонро дарк карда нАметавонанд. Чун нобинои сохта гул‐гулшукуфии диёри зебоманзарамонро нодида мегиранду дар шабакаҳои Интернети фарогири олам ба худ ҳамҷинсу ҳамфикр мекобанд.
Итминони комил дорем, ки чунин бадандешон ҳеҷ гоҳ ба ғаразу ҳадафҳои худ нахоҳанд расид. Тамоми мардуми оддии кишвар, аз хурд то калонсол баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати Ҳукумати кишвар омодаанд, машғули заҳмати созандаву ободонӣ бошанд. Мутмаинанд, ки дар решакан кардани афроди хиёнатпеша мақомоти қудратӣ нерӯи тавоно доранд. Танҳо, ҳар шаҳрванди солимандеши кишварро мебояд бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ, фаъолнокии иҷтимоӣ сарҷамъу якдилона сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишварро дастгирӣ намояд ва дар амалисозии ҳадафҳои некбинона кӯшиш ба харҷ диҳанд.
М.СОБИРОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров